Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон ба Узбекистон дар 6 моҳ як млн сайёҳ рафтааст


Аз миёни беш аз 3 миллион туристе, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз Узбекистон дидан кардаанд, тахминан як миллион нафар ё сеякашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил додаанд.

Trend бо такя ба омори давлатииУзбекистон хабар медиҳад, ки 958 ҳазору 500 шаҳрванди Тоҷикистон имсол ба кишвари ҳамсоя сафар кардаанд.

Дар ҷойҳои дуюм то чорум аз назари зиёдии шумори туристонашон шаҳрвандони Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия мебошад. Аз Русия ба Узбекистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 345 ҳазор нафар сафар кардаанд.

Сафари бераводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Узбекистон баъди дар соли 2018 пурра барқарор шудани муносибатҳои сиёсию фарҳангии ин ду ҳамсояи наздик имконпазир шуд.

XS
SM
MD
LG