Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 6 моҳ ҷасади 297 қирғизистониро ба ватанашон овардаанд


Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҷасади 297 қирғизистониро аз хориҷ ба ватанашон овардаанд.

Дар ин бора аз маркази матбуотии Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон хабар доданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дар соли гузашта ҷасади 350 қирғизистонӣ аз хориҷ оварда шуда буд. Бештар аз 200 тани онҳо дар Русия фавтида буданд.

Дар соли 2021 ҷасади 540 қирғизистонӣ аз хориҷ ба ватанашон оварда шуда буд. Барои ин кор аз буҷаи Қирғизистон 45 млн 270 ҳазор сом харҷ шуда буд.

Айни замон бештар аз 1 млн шаҳрванди Қирғизистон дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд. Дар 30 соли охир бештар аз 650 ҳазор қирғизистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардааст.

XS
SM
MD
LG