Як гуруҳи корӣ аз ҳисоби мақомоти қудратӣ, тандурустӣ ва динии Қирғизистон дар вилояти Ӯши он кишвар фаъолияти иншооти диниро тафтиш кардааст.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.
Ин кумита мегӯяд, "тафтиш дар доираи муқобила бо паҳн кардани тундгароии мазҳабӣ ва равияҳои ғайрианъанавии динӣ, инчунин беҳсозии фазои динӣ", баргузор шудааст.
Дар натиҷаи тафтиш риоя нашудани қонун "Дар бораи озодии динӣ ва созмонҳои динӣ", меъёрҳои сохтмонӣ, назофатӣ ва бехатарӣ аз сухтор ошкор гардидааст. Гуруҳи корӣ фаъолияти 39 масҷид ва 21 муассисаи омӯзиширо манъ карда, нисбати 39 муассисаи мазҳабиву ибодатӣ ҷарима таъйин кардааст.
Пештар расонаҳои он кишвар хабар дода буданд, ки гуруҳи корӣ ғайриқонунӣ фаъолият кардани 60 масҷидро дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ошкор кардааст.
Бино ба охирин иттилои расмӣ, дар Қирғизистон наздики 2,6 ҳазор масҷид, тақрибан 100 мадраса ва 10 мактаби олии исломӣ фаъолият мекунад.