Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Русия алайҳи Украина. Мақомдори тоҷик гуфт, тарафи ягон касро намегиранд. ВИДЕО


Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон.
Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон.

Дар таниш миёни Русия ва Украина, Тоҷикистон мавқеи "холисонаи фаъол"-ро пеш гирифта, дар равобити худ "ба ҳеч як ҷониб афзалият намедиҳад".

Дар ин бора Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ 4-уми август зимни нишасти хабарӣ изҳори назар кард. Коршиносон ҳам мегӯянд, бо назардошти масъалаи муҳоҷирон ва ҳам равобит бо Ғарб, Душанбе бояд сиёсати бетарафиашро дар буҳрони Украина идома диҳад.

Ҳам бо Русия робитаи хуб дорем, ҳам бо Украина

Ҳамлаи Русия ба Украина кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор гузоштааст. Душанбе шарики стратегии Маскав аст ва аз сӯи дигар бо Украина ва кишварҳои ғарбӣ низ ҳамкории наздик дорад. Мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд аз суҳбатҳои ошкор дар бораи ҷанги Русия алайҳи Украина худдорӣ кунанд.

Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ 4-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, Душанбе дар буҳрони Русия ва Украина бетарафиро пеша кардааст.

Усмонзода афзуд, Тоҷикистон ҳам бо Русия ва ҳам бо Украина робитаи хуб ба роҳ мондааст ва талош мекунад таъсири ин буҳронро ба иқтисоди хуб камтар кунад. "Мо кӯшиш мекунем бо назардошти мураккабшавии муносибатҳо, пеш аз ҳама робитаро бо кишварҳо минтақа тақвият диҳем",-афзуд роҳбари МТС.

Усмонзода: Тоҷикистон дар ҷанги Украина мавқеи "холисонаи фаъол" ихтиёр кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00

Дар нишасти хабарии Маркази тадқиқоти стратегӣ хабарнигорон масъалаи ба ҷанг зидди Украина рафтани тоҷиконро бардоштанд. Дар як соли ахир хабари марги даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина расонаӣ шуд. Як қисми онҳо шаҳрвандии Русияро доштанд ва қисми дигарро аз зиндонҳои Русия бурданд. Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, дар бораи ҳузури тоҷикистониён дар ҷанг зидди Украина, мақомот ягон эътирози расмӣ дарёфт накардаанд.

Аз сӯи дигар Хайриддин Усмонзода ба созишнома дар бораи душаҳрвандӣ миёни Тоҷикистону Русия ишора карда гуфт, "қабул кардани шаҳрвандӣ масъулият ва уҳдадории муайянро пеш мегузорад".

Хатари таҳрим ҷой дорад?

Коршиносони ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ бар ин назаранд, ки Душанбе бояд сиёсати бетарафӣ дар буҳрони Украинаро идома диҳад. Чун агар зидди Русия мавқеъ гирад, ҳазорҳои тоҷикистонӣ дар Русия ба мушкил дучор мешаванд. Аз сӯи дигар, агар ба тарафдорӣ аз Маскав садо баланд кунад, метавонад зери таҳримҳои кишварҳои Ғарб монад.

Лола Олимова, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки идома додани сиёсати дарҳои боз феълан ба манфиати Душанбе аст.

"Албатта як андешаи дигар ҳам ҳаст, ки шояд кишварҳое мисли Тоҷикистон тавонанд дар ин ҷанг нақши миёнаравро иҷро кунанд. Аз ҷумла, Тоҷикистон, ки таҷрибаи хуби поён додани ба ҷанги дохилиро дорад",-афзуд Лола Олимова.

Кишварҳои ғарбӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор додаанд, ки дар давр задани таҳримҳо ба Русия кӯмак накунанд, дар акси ҳол худашон таҳти таҳрим мераванд. Амрико моҳи гузашта чор ширкати қирғизистониро барои интиқоли молҳои таҳримшуда ба Русия ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кард. Дар Тоҷикистон коршиносон эҳтимоли ҷорӣ шудани таҳрим алайҳи Душанберо кам медонанд.

Далели ин ба гуфтаи таҳлилгар Абдумалик Қодиров ин аст, ки Қирғизистон бо Русия аъзои Иттиҳоди гумрукӣ аст ва имкони зиёдтар содирот ё бозсодироти маҳсулот ба Русияро дорад.

"Иқтисоди Тоҷикистон он қадар қудрате надорад, ки тавонем маҳсулоти барои Русия заруриро реэкспорт кунем. Ҳатто агар мекарда бошанд, на дар он ҳаҷме, ки зарурати ҷорӣ кардани таҳримро ба миён орад",-афзуд Абдумалик Қодиров.

Поёни ҷанги Русия алайҳи Украина ҳанӯз маълум нест. Суоли матраҳ ин аст, ки муттафиқони Русия аз ҷумла Тоҷикистон метавонанд то охир сиёсати бетарафиро пеш гиранд ё онро бозбинӣ мекунанд?

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG