Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани 13 тан дар таркиши Туркия


Дар бандари Деринҷи Туркия ҳангоми бор кардани гандум ба киштии боркаш таркиш рух дод. Расонаҳо аз маҷруҳ шудани 13 кас хабар медиҳанд.

Аҳмад Гюлдал, як мақомдори Туркия гуфт, таркиш дар натиҷаи инфиҷори ғубори ғалла ба вуҷуд омадааст. Ба иттилои мақомоти вилоти Коҷаэлии Туркия, аз 16 дастгоҳи интиқоли маҳсулоти бандар 13-тои он зарар дидааст.

"Садои баланде рух дод, дертар мо аз таркиш хабар шудем. Миқёси таркиш 25 метрро ташкил додааст. Ҳодисаи ҷиддие буд, аммо хомӯш карда шуд. Гандумро бо "экскаваторҳо" бор мекунанд, ҳоло маълум нест, ки зери гандум касе ҳаст ё не", - гуфт шаҳрдори Деринҷ Зекӣ Айгюн.

XS
SM
MD
LG