Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 4 август ҳукми зиндони блогер Абдуқодир Муминовро эълом кард.
Додгоҳ муаллифи саҳифаи ютюбии "Ko'zgu" ва роҳбари ширкати "Oynaga qarang"-ро дар содир кардани ҷиноятҳои "Вайрон кардани дахлнопазирии манзили шахсӣ", "Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон", "Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон", "Вайрон кардани тартиби тиҷорат" ва "Иштирок дар додани пора" айбдор донист.
Ба ин тартиб Муминов 7 солу 3 моҳ зиндон шуд ва додгоҳ ҳамчунин ӯро аз ҳаққи машғул шудан ба рӯзноманигорӣ ба муҳлати 3 сол маҳрум кард.
Додгоҳ ҳамчунин қарор кард, ки аз Муминов ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ ба фоидаи 14 ҷабрдида 903,4 млн сӯм рӯёнида шавад.
Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи 1 август аз додгоҳ хоста буд, блогер Абдуқодир Муминовро 11 сол зиндонӣ кунанд.
Яке аз даъвогарон дар додгоҳ гуфтааст, ки Муминов барои таҳқиқи як мушкили марбут ба корхонаи хиштбарорӣ аз ӯ 10 ҳазор доллар талаб карда, 3800 доллари онро ҳамчун "пешпардохт" гирифта буд. Блогер изҳор дошта, ки аз даъвогар танҳо 600 доллари амрикоӣ гирифтааст.
Додгоҳи шаҳри Тошканд баррасии парвандаи Абдуқодир Муминовро 25 июл шуруъ кард.