Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қумтор" коҳиши даромадро дар солҳои охир рад кард


Ширкати қирғизистонии "Қумтор Голд Компани" иттилоъ дар бораи кам шудани даромадро дар солҳои охир рад кард.

Дар изҳороте, ки дар саҳифаҳои ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, омадааст, иттилои аз ҷониби бархе аз расонаҳо нашршуда ба воқеият созгор нест.

"Ширкати "Қумтор Голд Компани" аз ҷониби худ изҳор медорад, ки корхона қадаме ҳам ба ақиб нарафтааст. Баракс, ширкат ҳамаи андозҳоро пардохт кард ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ 101,2 млн доллар даромад гирифтааст", - омадааст дар изҳорот.

Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон пештар хабар дода буд, ки рушди иқтисодӣ 3,9 дарсад камтар аз пешбиниҳои ибтидои сол будааст. Ин вазорат гуфт, ба далели коҳиши истеҳсоли металҳои асосӣ дар кони Қумтор рушди иқтисодӣ кам шудааст.

XS
SM
MD
LG