Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон базудӣ рамзҳои ЧВК “Вагнер” ва ҳарфҳои Z ва V манъ мешаванд


Ҳукумат ва додситонии кулли Қазоқистон роҳҳои манъи маҳсулоти дорои рамзи “сиёсии миллишуда”-ро меандешанд. Аз ҷумла, манзур рамзи гурӯҳи зархаридони русии ЧВК “Вагнер” ва ҳам рамзҳои ғайрирасмии дастгирии ҷанги Русия дар Украина – ҳарфҳои Z ва V мебошанд. Дар ин бора хабаргузории КазТАГ иттило медиҳад.

Инчунин, имкон дорад маҳсулоте бо навиштаҷони "Армия России" ва "Вежливые люди", нишони Ҳизби коргарии Курдистон ва Туркистони шарқӣ ҳам манъ шаванд. Додситони шӯъбаи ҳифзи манофеи ҷамъиятӣ гуфтааст, ки “бархе намояндагони қавмҳо дар ҷомеа рамзҳои қавмиро намоиш медиҳанд” ва ин чиз боиси вокунишҳои мухталиф мешавад.

Дар маҳдудиятҳое, ки ҷорӣ хоҳанд шуд, манъи истеҳсол, интиқол ва паҳн кардани маҳсулоте ҳам пешбинӣ шудааст, ки аз ҷониби тарафҳои даргир дар муноқишаҳои мусаллаҳона истифода мешаванд. Ҳарфҳои лотинии Z ва V рамзҳои ғайрирасмии тарафдорӣ аз ҷанги Русия дар Украина дониста мешаванд. Дар худи Русия барои вайрон кардани ин рамзҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG