Субҳи 5-уми август Телеграм каналҳову матбуоти русӣ хабар доданд, ки дар гулӯгоҳи Керч чандин таркиш рух дод. Як киштии нафткаш хароб шуд ва дар натиҷа, ҳаракат аз болои кӯпруке, ки нимҷазираи ишғолшударо бо Русия мепайвандад, муваққатан аз кор монд. Оҷонсии умури обу баҳри Русия гуфт, нафткаши SIG шикоф шуда, вале ҳамоно рӯи об аст. ТАСС аз қавли Маркази ҳамоҳангсозии наҷоти баҳрӣ навишт, ҷои нигаҳдории мотори киштӣ осеб дидааст. Ин ҳодиса як рӯз баъди он рух дод, ки як киштии дарёнавардони Русия дар паи ҳамла бо ҳавопаймои бесарнишин ё дрон хароб карда шуд.