Додситонии кулли Қазоқистон баъди нашри хабари ба вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ мубтало шудани се кас дар бемористони шаҳри Алмато аз Вазорати тандурустии ин кишвар талаб кардааст, ки тамоми муассисаҳои тиббии ин кишварро аз санҷиш гузаронад.
Қаблан Вазорати тандурустии Қазоқистон дар ин ҳодиса кормандони бемористони Алматоро гунаҳкор карда буд.
Дар Раёсати тандурустии Алмато гуфтанд, чаҳор табиб, аз ҷумла муовини сардухтур, сардори шуъбаи эҳёгарӣ ва як ҳамшираи калони бемористони Алмато "ба далелҳои манфӣ" аз кор озод карда шуданд.
Сардухтури беморхона Наримон Табинбоев муваққатан барканор гаштааст.
Дар робита ба ин ҳодиса бо се банд, аз ҷумла "Гирифтор кардани беш аз ду нафар ба вируси норасоии масунияти бадан" парванда боз шудааст.
Гуфтугӯ