Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба бунёди неругоҳҳо дар Қирғизистон алоқаманд аст


Chairman of the Cabinet of Ministers of the Akylbek Zhaparov and Ambassador of the China to Kyrgyzstan Du Dewen went to Sary-Jaz
Chairman of the Cabinet of Ministers of the Akylbek Zhaparov and Ambassador of the China to Kyrgyzstan Du Dewen went to Sary-Jaz

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров ва сафири Чин дар Бишкек Ду Дэвэн дар вилояти Иссиқкӯл бо тарҳи бунёди неругоҳҳои барқии обӣ дар рӯдхонаи Сариҷаз шинос шудаанд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон, нақшаи сохтмони 6 нерӯгоҳи барқии обӣ бо иқтидори 1100 МВт дар ин рудхона ҳанӯз дар солҳои 1982-1987 таҳия шуда буд.

"Аммо ин тарҳ дар тӯли солҳои истиқлолият амалӣ нашуд. Бинобар ин, ҳоло барои иҷрои он сармоя ҷустуҷӯ мешавад", - афзудааст манбаъ.

Сарвазири Қирғизистон моҳи август бо сафари корӣ ба Чин меравад ва қарор аст, дар ҷараёни ин сафар масъалаи сармоягузорӣ ба бунёди неругоҳҳо дар рудхонаи Сариҷаз баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG