Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп худро бегуноҳ номид


Доналд Трамп.
Доналд Трамп.

Додгоҳе дар Вашингтон зидди президенти пешини ин кишвар Доналд Трамп бо гумони кушиши бекор кардани натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020 дар ин кишвар расман айб эълом кард.

Додситон гуфт, то оғози мурофиаҳо барои ба ҳабс гирифтани Трамп талош нахоҳад кард. Аз Трамп хоста шудааст, ки ҷузъиёти маводи парвандаро ошкор накунад ва барои шоҳидӣ додан ба Додгоҳи федеролии ҳавзаи Колумбия ҳозир шавад.

Додрас ҳушдор дода, ки дар сурати иҷро нашудани шартҳо ба президенти собиқи Амрико ҳабс таҳдид мекунад.

Мурофиаи навбатӣ қарор аст, 28 август баргузор шавад.

Доналд Трамп ин иттиҳомро рад кардааст.

Доналд Трамп дар ҳоли ҳозир яке аз номзадҳои пештози Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии Амрико аст. Майк Пенс, муовини пешини президент дар маъмурияти Трамп низ номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG