Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ширкат дар мулоқоти сегонаи раҳбарони ҷумҳуриҳои ҳамсояи Узбекистон ва Туркманистон ба шаҳри Ишқобод парвоз кард.
Сомонаи президенти Тоҷикистон дар бораи мавзӯи гуфтугӯҳо бо Шавкат Мирзиёев ва Сардор Бердимуҳаммадов дар пойтахт Туркманистон чизе нанавиштааст. Танҳо гуфта шудааст, ки дар ин сафар, Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба робитаҳои хориҷӣ ва дигар мақомот ҳамроҳӣ мекунанд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон ин сафар бо дархости ҷониби Туркманистон сурат мегирад ва қарор аст дар мулоқоти мазкур масъалаҳои мубрами минтақавӣ баррасӣ шавад.
ТАСС аз қавли Иттиҳоди иқтисодшиносони Туркманистон Юрий Аронский навишт, ки дар дидори имрӯза эҳтимолан мавзӯи “рушди долонҳои нақлиётӣ, пеш аз ҳама дар Роҳи оҳан, соддатар кардани роҳҳои гузариши молу борҳо ва сохтмони терминалҳои муштарак барои интиқол ва ҳифзи бору маҳсулот баррасӣ мешавад”.
Баргузории мулоқоти хосе дар доираи се раҳбари ин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ камназир мебошад.