Дар пайи занозании хунини хонандагони мактабҳои "Сапат", ки ду кушта бар ҷой гузошт, мудирони ду литсей аз мақом барканор шудаанд.
Мудири Муассисаи байналмилалии таълимии "Сапат"-и Қирғизистон Амир Султонмуродов хабар дод, ки мудирони литсейи ба номи Айтматов дар шаҳри Бишкек ва литсейи шаҳри Қараболта барканор гаштаанд.
“Ин як фоҷеа аст. Мо ду донишҷӯро аз даст додем. Муовини мудир дар бахши таълимии литсейи ба номи Чингиз Айтматовро низ аз кор озод кардем. Илова бар ин, беш аз 15 нафар мутахассисон огоҳӣ гирифтаанд ва санҷиш идома дорад", - гуфт Султонмуродов.
Занозанӣ миёни хонандагони ду литсейи "Сапат" дар яке аз боғҳои шаҳри Бишкек сурат гирифтааст. Дар натиҷа як хонандаи 16-сола аз захми корд ҷон бохта, хонандаи дигар худкушӣ кардааст.
Пулиси Бишкек гуфт, тафтиши ҳодиса идома дорад.