Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон аз занон хостанд "либоси оддӣ" пӯшанд


Мақомоти вилояти Марии Туркманистон бо заноне, ки дар муассисаву идораҳои давлатӣ кор мекунанд, вохӯриҳо анҷом дода, аз онҳо даъват менамоянд, то "хушахлоқ бошанд ва либоси оддӣ" пӯшанд.

Ба бонувон ҳушдор дода мешавад, ки дар сурати риоя накардани ин "тавсияҳо" аз кор ронда мешаванд.

"Ба занон боз гузоштани мижа, истифодаи нохунҳои сунъӣ, ранги рӯшан кардани мӯйҳои сарро манъ мекунанд. Ҳамчунин истифодаи ҷавоҳирот низ дар ҷои кор барои онҳо манъ шудааст", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар минтақа.

Дар вохӯриҳо занонеро, ки мижа ва нохунҳои сунъӣ доранд ба минбар бароварда, дар мазҳари ом танқид мекунанд, мегӯяд хабарнигор.

Табиби яке аз муассисаҳои тиббии Туркманистон дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ин маҳдудиятҳо ба бонувоне, ки дар бахши фарҳанг ва телевизионҳои давлатӣ кор мекунанд, дахл надорад. Зеро онҳо ҷузъи "дастгоҳи таблиғотии ҳукумати Туркманистонанд".

"Мақомот танҳо ба кормандони оддии бахшҳои маориф, тандурустӣ ва соҳаҳои дигар фишор меоранд", - афзуд ӯ.

Маҳдудиятҳои ороиши занон дар Туркманистон нав нестанд. Солҳост, ки дар он кишвар чанд навъи ороиши занон манъ шудааст.

Моҳи июли соли гузашта дар вилояти Лебап чанде аз занҳо барои пӯшидани шими ҷинс, ранг кардани мӯи сар ва куртаҳои танг боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG