Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 60 муҳоҷиру донишҷӯйи тоҷик дар бозори "Садовод"


Субҳи имрӯз пулиси рус дар бозори Садоводи Маскав 60 муҳоҷиру донишҷӯи тоҷикро боздошт кардааст.

Муҳоҷирон гуфтанд, панҷ соат боз дар Шӯъбаи пулиси маҳаллӣ қарор доранд, вале ҳанӯз сабаби боздошташонро шарҳ надодаанд.

Як тан аз муҳоҷирон рӯзи сеюми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисфи боздоштшудаҳо донишҷӯёнанд, ки дар рӯзҳои таътил қонунӣ дар бозор мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳама санадҳояшон дуруст аст, вале ҳангоми боздошт аз онҳо ҳуҷҷат напурсиданд.

Мақомоти Русия ва сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ҳанӯз ин мавзуро шарҳ надодааст.

Дар чанд моҳи ахир боздошту азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфтааст. Мақомоти Русия инро як санҷиши маъмулӣ унвон мекунанд, вале муҳоҷирон мегӯянд, бештар фишор сари муҳоҷирони тоҷик аст ва пулиси рус бо онҳо бадрафторӣ мекунад.

Русия макони кори ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон аст. Садҳо донишҷӯйи тоҷик ҳам дар ин кишвар таҳсил мекунанд ва афзоиши рейду тафтишҳо зиндагии онҳоро мушкил кардааст.

XS
SM
MD
LG