Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмури пулиси қазоқ барои шиканҷа 6 сол зиндонӣ шуд


Корманди пулиси шаҳри Семейи Қазоқистон Айдина Азонбоев дар доираи парвандаи шиканҷаи Елдос Калиеви 26-сола, ки моҳи январи соли 2022 дар шуъбаи пулис ҷон дод, 6 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ дода, ки Азонбоев дар шиканҷа ва баромадан аз ҳадди ваколат айбдор мешавад.

Додгоҳ ҳамчунин маъмури пешини пулисро вазифадор кардааст, ки ба хонаводаи Калиев 9 миллион танга ҷуброн пардозад. Додситон барои ӯ 10 соли зиндон талаб карда буд.

Калиев 10 январи соли 2022 барои нақзи соати комендантӣ дастгир шуда буд. Тибқи иттилои расонаи "Власть", Калиев он рӯз аз ҷашни зодрӯзи духтарчаи як дӯсташ бармегашт. Пулис ба наздикони Елдосов гуфт, ҳангоми бозҷӯӣ аз ӯ чӯбдасти резинӣ ва норинҷак пайдо карданд. Гӯё вай дар натиҷаи муқобилият нишон додан кушта шудааст.

Тафтишот муайян карда, ки Елдосов баъди як рӯзи интиқолаш ба шуъбаи пулис дар натиҷаи шиканҷа ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG