Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 2 нафар дар ҷанҷоли муҳоҷирон дар Маскав


Шаби 31 июл ба 1 августи соли 2023 дар як занозании гуруҳӣ байни муҳоҷирон дар шаҳри Чехови вилояти Маскав ду нафар кушта шуданд.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС аз қавли хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав иттилоъ додааст. Ба навиштаи ин расона, байни гурӯҳи шаҳрвандон муноқиша сар зада, дар ҷараёни он ду нафар аз зарби корд ҷароҳат бардоштанд ва аз захмҳои гирифтаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

То ин дам муфаттишон шахсияти яке аз фавтидагонро муайян кардаанд. Хабаргузории news.ru. навиштааст, ки ӯ зодаи 28-солаи Тоҷикистон будааст. Шахсияти муҳоҷири дигари кушташуда ҳоло маълум нест.

Рузи 1-уми август наздикони яке аз гумонбарон дар қатли ду муҳоҷир ба Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кард, вале гуфт, баъди ҳодиса дигар аз ин нафар хабар надорад, чун телефонаш хомуш аст.

Муноқиша дар қаҳвахона оғоз ёфта сипас ҳарду тараф дар кӯча "вохӯрдаанд". Маълум нест сабаби ин ҷанҷолу занозанӣ чӣ будааст.

Мақомоти пулис гумонбарон дар кушторро ҷустуҷӯ дорад. Пас аз рух додани ин ҳодиса, Раёсати минтақавии Кумитаи тафтишот дар бораи одамкушӣ парванда боз кардааст.

XS
SM
MD
LG