Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи 1 август аз додгоҳ хостааст, блогер Абдуқодир Муминовро, ки дар тамаъҷӯӣ, қаллобӣ ва иштирок дар порадиҳӣ муттаҳам мешавад, 11 сол зиндонӣ кунад.
Дар ин бора хабаргузории "Газете.uz" бо истинод ба хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон иттилоъ додааст.
Яке аз даъвогарон дар додгоҳ гуфтааст, ки Муминов барои таҳқиқи як мушкили марбут ба корхонаи хиштбарорӣ аз ӯ 10 ҳазор доллар талаб карда, 3800 доллари онро ҳамчун "пешпардохт" гирифта буд. Блогер изҳор дошта, ки аз даъвогар танҳо 600 доллари амрикоӣ гирифтааст.
Додгоҳи шаҳри Тошканд баррасии парвандаи Абдуқодир Муминовро 25 июл шуруъ кард.
Муминов, муаллифи саҳифаи ютюбии "Ko'zgu", ки 247 ҳазор бинанда дорад, дар халалдор кардани дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, ки боиси оқибатҳои вазнин шудааст; қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон; қаллобии такрорӣ дар ҳаҷми махсусан калон; вайрон кардани тартиби тиҷорати мол ва ё хидматрасонӣ дар ҳаҷми махсусан калон; иштирок дар порадиҳӣ айбдор мешавад.
Зидди ӯ 14 кас, аз ҷумла чанд тоҷир шикоят кардаанд. Ҳаҷми зарар 903,4 млн сӯм баҳо дода шудааст.