Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши таблиғоти Русия дар бозиҳои маъруфе чун Minecraft ва Roblox


Русия дар бозиҳои маъруфи видеоӣ ва пойгоҳҳои маъмул миёни наврасону ҷавонон ё геймерҳо "амалиёти низомӣ" ё ҷанг ва тарафдорӣ аз Маскаву артиши ин кишварро мекунад. Нашрияи The New York Times бо истинод ба гурӯҳе, ки ин мавзӯро таҳқиқ кардаанд, дар ин бора хабар додааст.

Пажӯҳишгарон дар бозиҳои маъруф миёну наврасону ҷавонон, мисли Minecraft, Roblox, World of Tanks, World of Warships, Fly Corp, Armored Warfare ва War Thunder, беш аз даҳ намунаи маводеро мушоҳида кардаанд, ки корбаронро ба пуштибонӣ аз Русия даъват мекунанд. Ба гуфтаи муҳаққинон қариб дар ҳамаи ин бозиҳо пирӯзии СССР ба Олмони фашистӣ ситоиш шудааст, мавзӯе, ки Путин ва атрофиёнаш барои пуштибон ёфтан дар ҷанг бо Украина аз он зиёд истифода мебаранд.

Барои мисол дар бозии Minecraft, бозингарони рус саҳнаи мубориза барои шаҳри Соледари Украинаро ба роҳ монда, навори ин бозиро дар шабакаи "ВКонтакте" нашру паҳн кардаанд.

Қаблан нашрияи "Коммерсант" навишта буд, ки дар бозии компютерии Minecraft, бахшида ба Рӯзи Русия консерти идона ташкил шуда, онро дар пахши мустақим намоиш доданд. Ҳамчунин дар бозии дигари машҳури Roblox яке аз корбарон як сафи низомиёни Вазорати корҳои дохилии Русияро тасвир ва омода кардааст.

Муҳаққиқон ҳадс мезананд, ки ширкати “Вагнер” ҳам бо ҷасуру пурқувват намоиш додани зархаридони худ ва низомиёни Русия, тариқи ин бозиву пойгоҳҳои сермуштарӣ кӯшишҳое барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ ва ҷанг дар Украина анҷом додааст.

Танер Беккер, пажӯҳишгар аз ширкати ActiveFence, ки дар масъалаи амнияти киберӣ кор мебарад, мегӯяд, “Ҷаҳони бозиҳо” – воқеан як пойгоҳест, ки ба афкори ҷомеа ва корбарон, махсусан ҷавонон таъсир мегузорад ва онҳо метавонанд ба таблиғот дар ин пойгоҳҳо дода шаванд.

XS
SM
MD
LG