Гуфтугӯи ҳайатҳои Амрико ва Толибон рӯзи душанбе дар Давҳа, пойтахти Қатар идома хоҳад ёфт. Ин музокирот дар ҳоле оғоз шудааст, ки ҳудуди ду сол қабл Толибон дар Афғонистон дигарбора қудратро ба даст гирифтанд.
Ҷониби Амрико ва мақомҳои Толибон ҳанӯз дар мавриди масоиле, ки рӯзи аввали музокирот матраҳ шуд, чизе нагуфтаанд. Радиои Озодӣ муваффақ нашуд то лаҳзаи омода шудани ин гузориш, назари сухангӯёни ҳукумати Толибонро дар ин робита дарёфт кунад.
Бо ин ҳол, Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон рӯзи шанбе дар "Твиттер" суханони Амирхон Муттақӣ, сарпарасти ин вазоратро қабл аз сафар ба Давҳа нашр кард.
Амирхон Муттақӣ дар ин суханони кутоҳ дар Фурудгоҳи Кобул ба хабарнигорон дар бораи музокирот бо ҷониби Амрико мегӯяд, "мо кушиш хоҳем кард, то дар бораи мавзуъҳое чун озодсозии дороиҳои бандмондаи Афғонистон, рафъи маҳдудиятҳо ба ҳукумат ва маҳдудиятҳои бонкӣ ва ҳамчунин лағви феҳристи сиёҳ ва дар ниҳоят фароҳам овардани заминаи робитаҳои мусбат, рушд ва беҳбуди робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ тамаркуз кунем. Умедворем гуфтугӯҳо ба хубӣ баргузор шавад".
Амирхон Муттақӣ ба масъалаҳое таъкид кард, ки дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба он ишорае нашудааст.
Пеш аз оғози гуфтугӯҳо дар Давҳа, Вазорати хориҷии Амрико дар эъломияе гуфт, ки ҳайати амрикоӣ дар ин гуфтугӯҳо роҷеъ ба масъалаҳое чун идомаи ҳимояти башардӯстона, суботи иқтисодӣ, бархӯрди одилона ва шарафмандона бо ҳамаи афғонҳо, аз ҷумла, занон ва духтарон, амният ва ҳамчунин мубориза бо тавлид ва қочоқи маводи мухаддир, баҳс мекунад.
Дар таркиби ҳайати амрикоӣ барои гуфтугӯ бо намояндагони ҳукумати Толибон дар Давҳа, Томас Вест, намояндаи вижаи ИМА барои Афғонистон ва Рина Амирӣ, намояндаи хоси Амрико дар умури занон ва ҳуқуқи башари Афғонистон, шомил мебошанд.
Бар асоси эъломияи Вазорати умури хориҷии Амрико, Томас Вест ва Рина Амирӣ бо ҳайате иборат аз сарони бархе вазоратхонаҳои муҳими Толибон дар бораи масоили Афғонистон гуфтугӯ хоҳанд кард. Дар ин бораи ҷузъиёти бештар ироа нашудааст.
Аммо бо таваҷҷуҳ ба рафтори ҳукумати Толибон ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои сахт алайҳи занон, ба назар намерасад, ки дар ростои беҳбуди ҳуқуқи занон натиҷаҳои муҳиме ба даст биояд.
Гуфтугӯи ҳайатҳои ҳукумати Толибон ва Амрико дар Давҳа дар ҳоле аст, ки ду ҳафта баъд, аз ба қудрат расидани гурӯҳи тундрави Толибон дар Афғонистон ду сол пур мешавад. Толибон рӯзи 15-уми августи соли 2021 пас аз фирори Ашраф Ғанӣ ворид Кобул шуданд ва қудратро ба даст гирифтанд.
Пеш аз ба қудрат расидани Толибон, миёни ҳайати Амрико бо раҳбарии Залмай Халилзод ва намояндагони Толибон барои 18 моҳ музокирот идома кард ва ҷонибҳо дар феврали соли 2020 тавофуқнома имзо карданд.
Бисёре аз коршиносони афғон ба ин бовар ҳастанд, ки ин тавофуқнома заминаи дигарбора ба сари қудрат омадани Толибонро фароҳам кард. Дар худи Амрико ҳам шуморе аз сиёсатмадорон ҳукумати Байденро барои хуруҷи саросемавор аз Афғонистон интиқод мекунанд.
Гуфтугӯ