Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба муҳоҷирони қирғиз дар Маскав қонунҳои Русияро омӯзонданд


Муҳоҷирони қирғиз дар Русия.
Муҳоҷирони қирғиз дар Русия.

Мақомоти Қирғизистон дар пайи афзоиши рейдҳо дар Русия барои ҷамъияти муҳоҷирони худ дар шаҳри Маскав семинари омӯзишӣ дар бораи саводнокии ҳуқуқӣ ва мутобиқшавии иҷтимоӣ ташкил кардаанд.

Тибқи хадамоти Вазорати меҳнати Қирғизистон, семинарро намояндагии ин ниҳод ташкил намудааст.

Дар чорабинӣ Ирина Фаевская, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар вилояти Маскав ва ҳамчунин намояндагони Раёсати ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Русия бо муҳоҷирони қирғизистонӣ "дар бораи масъалаҳои қонунгузории муҳоҷирати Русия, татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ, риояи қонунгузории муҳоҷират ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани он суҳбат кардаанд.

Дар Русия аз 19 то 25 июл амалиёти "Нелегал-2023" гузаронида шуд. Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки дар натиҷаи ин амалиёт ҳудуди ҳафт ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуда, алайҳи чанд ҳазор каси дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Консули Қирғизистон дар Русия Манас Жолдошбеков хабар дод, ки дар натиҷаи амалиёти "Нелегал" танҳо аз шаҳр ва вилояти Маскав 130 шаҳрванди кишвараш ихроҷ карда шудааст

XS
SM
MD
LG