Шаби 30-юми июл Маскав мавриди ҳамлаи бесарнишин қарор гирифтааст. Ду бесарнишин ба Маҷмааи тиҷоратии “Маскав Сити” бархурда, парвозҳо аз фурӯдгоҳи “Внуково” барои як муддат баста шуданд.
Ба навиштаи расонаҳои давлатии Русия дар пайи ҳамлаи бесарнишинҳо, тирезаҳои як бинои маъмурӣ шикаставу тахриб шудаанд. Хабаргузории ТАСС аз захмӣ шудани як нафар хабар додааст. Мақомоти Маскав кори фурӯдгоҳи Внуковаро барои як муддат манъ ва дубора фаъол карданд.
Вазорати дифои Русия ҳам дар баёнияе имрӯз гуфт, шаби якшанбе ба ҳудуди Маркази тиҷоратии “Маскав Ситӣ” бо ду бесарнишин ҳамла сурат гирифт ва бесарнишинҳо нобуд карда шуданд. Ин ниҳод, ҳодисаро кӯшиши ҳамлаи террористии нерӯҳои Украина номидааст. Киев ба ин иддаҳо посух надодааст.
Дар ҳамин ҳол амалиёти ҷавобии нерӯҳои Украина ба минтақаҳои ҷанубу шарқии Русия идома дорад. Муовини вазири дифои Украина, Ана Маляр имрӯз дар саҳифаи Телеграм хабар додааст, ки низомиёни украинӣ “оҳиста, аммо дуруст” ба самти Бердянск ва Мелитопол дар минтақаи Запороже пеш мераванд.
Дар як моҳи ахир Маскав чаҳор бор мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифтааст.
Артиши Украина рӯзи 30 июл гуфт, пули Чонар, ки Қримро бо қисмати ишғолшудаи вилояти Херсон мепайвандад, дар як ҳамлаи рӯзи гузашта осеб дидааст.
Мақомоти минтақаи ғасбшудаи Херсон ҳам аз ҳамлаҳои мушакии украина ба хатти роҳи оҳан хабар дода, иддао кардаанд, ки ҳамлаҳо безарар гардонида шуданд. Киев масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст.