Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Иттиҳоди Африқо гуфт, пешниҳоди Путин муҳим, аммо нокофӣ аст


Владимир Путин ва Азалӣ Асуманӣ, раиси Иттиҳоди Африқо дар шаҳри Санкт Петербург.
Владимир Путин ва Азалӣ Асуманӣ, раиси Иттиҳоди Африқо дар шаҳри Санкт Петербург.

Раиси Иттиҳоди Африқо рӯзи 28-уми июл пешниҳоди Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар бораи таъмини Африқо бо гандумро нокофӣ номид.

Дар суханронии поёнӣ дар нишасти сарони кишварҳои Африқо ва Русия дар шаҳри Санкт Петербург дар рӯзи 28-уми июл Азалӣ Ассуманӣ ҳамчунин гуфт, зарур аст, ки дар Украина созиши оташбас эълон шавад.

Ӯ афзуд, ки Владимир Путин омодагии худ ба музокиротро нишон додааст ва акнун Украинаро бояд ба ин кор мутақоид кард. Пештар аз ин суханронӣ, Владимир Путин ба раҳбарони кишварҳои африқоӣ гуфт, Русия омода аст, Африқоро бо ғалладона таъмин кунад ва аз ҷумла қисме аз онро ройгон бидиҳад.

Русия ҳафтаи гузашта созиши содироти ғалладонаи Украина аз тариқи Баҳри Сиёҳро тамдид накард. Ин созиш, ки соли гузашта бо миёнҷигарии Созмони Милал ва Туркия ба даст омад, иҷоза медод, ки бо вуҷуди ҷанг ғалладонаи Украина аз тариқи Баҳри Сиёҳ ба хориҷ фурӯхта шавад. Баъди сарпечии Русия аз тамдид кардани муҳлати созиш, қимати ғалладона ва аз ҷумла гандум дар саросари ҷаҳон боло рафт. Русия низ ба бандарҳои содироти ғалладонаи Украина зарба зад.

Азалӣ Ассуманӣ гуфт, Владимир Путин “нишон дод, ки омодаи таъмини мо бо ғалладона аст, ки ин муҳим аст, аммо шояд кофӣ набошад.” Ӯ афзуд: “Мо ба созиши оташбас эҳтиёҷ дорем, Путин барои музокира ва ёфтани роҳи ҳал омода аст. Ҳоло мо бояд тарафи дигарро мутақоид кунем.”

XS
SM
MD
LG