Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон оташ задани Қуръонро маҳкум кард


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як изҳорот оташ задани Қуръон, китоби муқаддаси мусалмонон дар бархе кишварҳои аврупоиро маҳкум кардааст.

Рӯзи 24-уми июл дар Копенҳагени Дания ду узви гуруҳи миллатгарои "Патриотҳои Дания" назди бинои сафорати Ироқ Қуръонро оташ заданд. Панҷшанбеи гузашта низ гуруҳе аз фаъолон ин корро дар назди сафорати Ироқ анҷом дода, парчами Ироқро зери по карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, “поймолкунии Қуръони маҷид эҳсосоти ҳама мусалмонони ҷаҳонро таҳқир мекунад ва боиси эҷоди ихтилоф дар ҷомеа ва баҳонае барои низоъҳои байнимазҳабӣ мешавад.”

Қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳам қуръонсӯзӣ дар Аврупои Шимолиро маҳкум карда буд.

Вазорати корҳои хориҷии Дания оташ задани Қуръонро "бефаҳмӣ ва тавҳин ба муқаддасот" номид ва миллатгароҳоро маҳкум кард. Ҳамзамон ин вазорат гуфт, ки оташ задани адабиёти динӣ бино ба қонунгузории Дания ҷиноят ба ҳисоб намеравад. Чанде аз кишварҳои дигари мусалмоннишин низ иқдомҳои қуръонсӯзиро маҳкум карданд.

Тоҷикистон дар ҳоле Қуръонсӯзиро маҳкум кардааст, ки мақомоти ин кишварро барои поймал кардани ҳуқуқи диндорон танқид мекунанд. Созмонҳои байналмилалӣ гуфтанд, ки мақомоти тоҷик барои афроди диндор иҷоза намедиҳанд, ки озодони расму русуми диниашонро ба ҷо оранд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо тундравӣ мубориза мекунанд ва ба диндорон мушкиле надоранд.

XS
SM
MD
LG