Мақомоти Амрико аз фирори як сарбози ин кишвар ба Кореяи Шимолӣ нигаронанд.
Ин мавзӯъ ҳоло дар сархати хабарҳои амрикоӣ қарор дорад ва модари ин сарбоз ба телевизиони CNN гуфтааст, ки умедвор аст, писараш ба ватан бармегардад ва ӯро мақомоти Кореяи Шимолӣ раҳо мекунанд.
Ллойд Остин, вазири дифоъи ИМА рӯзи 19-уми июл гуфт, сарбози амрикоӣ ихтиёран аз Кореяи Ҷанубӣ ба Кореяи Шимолӣ рафтааст ва зоҳиран ҳоло дар боздошт аст.
Кореяи Ҷанубӣ, кишвари дӯсти Амрико аст, вале Кореяи Шимолӣ ИМА-ро “душман”-и худ медонад ва ҳеч равобите бо ин давлат надорад.
Низомиёни ИМА дар Кореяи Ҷанубӣ қарор доранд ва ин сарбоз ҳам аз онҷо ба кишвари “душман” фирор кардааст.
"Яке аз низомиёни мо, ки дар сафари хидматӣ қарор дошт, дидаву дониста ва бидуни иҷоза хати марзро убур кардааст. Мо боварӣ дорем, ки ӯ дар боздоштгоҳи Кореяи Шимолӣ аст. Аз ин рӯ, мо вазъиятро бодиққат назорат ва таҳқиқ карда истодаем ва талош дорем, ки наздикони сарбозро дар робита ба ин ҳодиса огоҳ созем. Маро бештар аз ҳама беҳбудии қисми низомиямон ташвиш медиҳад,”—гуфт вазири дифоъи ИМА.
Ҷин Лӣ, як подкастер ки худро "нозири Кореяи Шимолӣ" меномад, мегӯяд, ин қазия ҳанӯз норӯшаниҳои зиёд дорад, аммо дар гузашта низ чанд сарбози амрикоӣ ба Кореяи Шимолӣ гурехта буданд. Ба гуфтаи ӯ, дар солҳои 60 ва 70-уми асри гузашта чор сарбози амрикоӣ ба ин кишвар фирор карданд. Онҳо аз хидмат дар артиши Амрико норозӣ будаанд.
Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, мақомоти дифоъ барои ҳалли вазъ бо ҷониби Кореяи Шимолӣ дар иртибот шудаанд.
Кореяи Шимолӣ пайваста мушакҳои болдор ва дурпарвозро озмоиш мекунад. ИМА аз ин амали Кореяи Шимолӣ танқид карда, ин кишварро барои талоши эҷоди ноамнӣ муттаҳам мекунад.
Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолӣ дар нимаи асри гузашта пас аз ҷанг аз ҳам ҷудо шуданд. Кореяи Ҷанубӣ бо кишварҳои ғарб ҳампаймон аст ва яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дониста мешавад. Кореяи Шимолӣ, ки дар гузашта бо Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳоло Русияву Чин шарик аст, яке аз қафомондатарин кишвари олам маҳсуб меёбад.
Гуфтугӯ