Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ-ии собиқро Тоҷикистон афв кард, вале дар Олмон боздошт шуд


Бобоҷон Қарабоев баъди бозгашт аз Сурия гуфта буд, ки пушаймон аст. Акс аз соли 2016
Бобоҷон Қарабоев баъди бозгашт аз Сурия гуфта буд, ки пушаймон аст. Акс аз соли 2016

Наздикони як ҷавони тоҷик, ки дар Олмон бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави ДОИШ ва ширкат дар ҷангҳои Сурия боздошт шудааст, мегӯянд, аз сарнавишташ хабар надоранд.

Мақомоти Олмон Бобоҷон Қарабоевро рӯзи 27-уми июни имсол дар дар шаҳраки Людвигсштадти Бавария боздошт кардаанд. Нашрияи олмонии “Билд” бо такя ба мақомоти Олмон гуфтааст, ки Додситонии Мюнхен парвандаи ӯро барои узвияташ дар ДОИШ ҷиддӣ баррасӣ мекунанд.

Фирдавс, як тан аз наздикони Бобоҷон Қарабоев гуфт, ӯ аз рӯзи 26-уми июн дар тамос нест.

Ба гуфтаи пайвандон, Бобоҷон аз Русия барои як умр ихроҷ шуда буд ва дар Қазоқистон низ ҷойи кор пайдо накард. Ду сол пеш аз тариқи Украина ба Олмон рафт ва онҷо дархости паноҳандагӣ кард.

Фирдавс гуфт, як сол пеш мақомоти Олмон дархости паноҳандагии ӯро рад карда буданд ва ӯ адвокат гирифта, талош дошт, ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт кунад. Далели ӯ барои дархости паноҳандагӣ маълум нест.

Радиои Озодӣ соли 2016 бо Бобоҷон Қарабоев дар Душанбе ҳамчун нафаре, ки бо эҳсоси пушаймонӣ аз ҷангҳои Сурия баргашта мавриди афви мақомот қарор гирифтааст, суҳбат анҷом дода буд. Он вақт, ӯ нақл кард, ки соли 2015 аз Русия ба Сурия рафт ва ҳашт моҳ сарбози гурӯҳи тундрави ДОИШ буд. Ӯ гуфта буд, ки пас аз дарки иштибоҳаш аз сафи ДОИШ фирор кард ва ба ватан омад.

Мақомоти Тоҷикистон бо ислоҳи қонун он замон ваъда дода буданд, ки ҳар касе аз сафи созмонҳои тундрав бо эҳсоси пушаймонӣ бармегардад ва дар одамкушӣ даст надорад, афв мешавад.

Ҳоло маълум нест, ки Бобоҷон Қарабоев барои узвияташ дар созмони тундрави ДОИШ дар соли 2015 боздошт шудааст ё мақомоти Олмон рафтору амалҳои дигари ӯро дар хоки Олмон кашф кардаанд.

Дар Олмон ДОИШ созмони мамнӯъ аст ва қонунҳои ин кишвар афроде, ки дар сафи ДОИШ ҷангидаанд, ба ҳеч шакле аз ҷавобгарӣ раҳо намекунад.

Дар Олмон борҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар созмони ДОИШ боздошт шудаанд.

Рӯзи 6-уми июл Вазорати умури дохилии Олмон гуфт, ки маъмурони амниятӣ 7 нафар аз ҷумла панҷ зодаи Тоҷикистонро боздошт карданд, ки узви ҳалқаи "Хуросон"-и гуруҳи тундрави "Давлати Исломӣ" буданд ва ният доштанд, дар он кишвар ҳамлаи мудҳиши террористӣ анҷом бидиҳанд. Мақомоти расмии Тоҷикистон то кунун ҳеч иттиллои расмие дар бораи ин боздоштҳо надодаанд.

Бобоҷон Қаробоев шашумин тоҷикест, ки дар як моҳи ахир барои узвият дар ДОИШ боздошт мешавад. Ӯ дар Тоҷикистон зан ва як фарзанд дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG