Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон маоши мудирони мактабҳо бештар мешавад


Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 18 июл дар як ҷаласаи Вазорати маорифи ин кишвар хабар дод, ки тасмим доранд маоши мудирони мактаб, муовинони онҳо ва омӯзгорони донишгоҳҳоро баландтар кунанд.

Тибқи иттилои хадамоти Девони вазирони Қирғизистон, Жапаров гуфтааст, "муҳим ин аст, ки бояд донем, баланд бардоштани маош ба сифати таълим чи гуна метавонад таъсир расонад".

"Дар соли равон барои соҳаи маориф 60,9 миллиард сом пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 23 миллиард бештар мебошад", - изҳор доштааст ӯ.

Дар Қирғизистон моҳи апрели соли 2022 маоши омӯзгорон, табибон ва кормандони соҳаи фарҳанг боло бурда шуд. Он замон гуфта шуд, ки барои баланд бардоштани маоши тақрибан 309 ҳазор нафар дар 9 моҳи соли гузашта 26 миллиард сом ҷудо шудааст.

Расонаҳо баҳори соли 2023 иттилоъ дода буданд, ки маоши миёнаи мудирони мактабҳо дар минтақаҳои Қирғизистон 15 ҳазор сом ва аз омӯзгорон 21 ҳазору 400 сомро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG