Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав аз созиши интиқоли гандуми Украина хориҷ шуд


Украина яке аз тавлидкунандагони асосии гандум дар ҷаҳон аст
Украина яке аз тавлидкунандагони асосии гандум дар ҷаҳон аст

Русия эълон кард, ки сар аз 17-уми июл ширкаташро дар созиши содироти гандуми Украинаро мутаваққиф мекунад. Ин созиши бесобиқа моҳи июли соли гузашта, зери сарпарастии СММ ва Туркия таҳия шуда, имкон медод, ки дар шароити ҷанг гандуми Украина аз бандарҳои Баҳри Сиёҳ ба кишварҳои Африқо, Ховари Миёна ва Осиё содир шавад.

Нархи баланди маводи ғизоӣ сокинони ин мамоликро бо қашшоқӣ ва ҳатто гуруснагӣ рӯ ба рӯ кардааст. Сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков дар нишасти матбуотӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, Русия ба татбиқи ин созиш замоне бармегардад, ки тақозоҳояш иҷро шаванд.

Кремл борҳо таҳдид карда буд, ки агар монеаҳо барои содироти гандум ва нерӯҳои минералии Русия рафъ нагарданд, Маскав аз созиш хориҷ мешавад. Украина яке аз содиркунандагони асосии гандум ва равғани растанӣ аст.

Бо оғози таҷовузи Русия содироти ин мавод аз Украина душвор шуда, нархи маводи ғизоӣ дар аксар кишварҳо ба таври рекордӣ боло рафт.

XS
SM
MD
LG