Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои Пригожин баъди ошӯб ҳам аз ҳукумати Русия пул мегиранд


Владимир Путин (дар мобайн) ва Евгений Пригожин (дар тарафи рост)
Владимир Путин (дар мобайн) ва Евгений Пригожин (дар тарафи рост)

Ширкатҳои марбут ба Евгений Пригожин, баъди ошӯби ширкати хусусии низомии "Вагнер" дарёфти шартномаҳои расонидани ғизо ба мактабҳо ва беморхонаҳоро идома додаанд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба шартномаҳое иттилоъ медиҳанд, ки рӯзи 24 июн баста шудаанд.

Маблағи 9 шартнома 1 млрд. 64 млн рублро ташкил додааст. Танҳо раёсати маорифи Митиши вилояти Маскав бо ширкати "Продфутсервис"-и марбут ба Пригожин дар ҳаҷми 705 млн. рубл шартнома бастааст. Дар шартнома гуфта шудааст, ки ширкат дар солҳои 2023-2025 мактабҳои вилояти Маскавро бо ғизо таъмин мекунад.

Миёни фармоишгарони ширкатҳои марбут ба Пригожин, беморхонаҳои дигари Маскав, истироҳатгоҳи кӯдаконаи "Артек" ва ду беморхонаи дигар дар вилояти Маскав ҳастанд.

Ибтидои моҳи июл бархе аз расонаҳо навишта буданд, ки таъмини ғизои мактабҳои вилояти Маскавро, ки одатан ширкатҳои Пригожин ба дӯш доштанд, ба ширкатҳои дигар додаанд.

Евгений Пригожин муассиси ширкати хусусии низомии "Вагнер" низ ҳаст. Ширкати "Вагнер"-ро Пригожин, тоҷири наздик ба президенти Русия Владимир Путин соли 2014 таъсис додааст. Зархаридони "Вагнер" дар ҷангҳои Донбасс иштирок ва аз ҳаракати ҷудоиталаб ҳимоят мекарданд. Ин зархаридон ҳамчунин дар низоҳои Африқо ва Шарқи наздик иштирок доштанд. Онҳоро дар ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла қатлҳои ғайридодгоҳӣ айбдор мекунанд.

Баъд аз 24 феврали соли 2022 "Вагнер" дар ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия ба Украина иштирок мекард. Евгений Пригожин сафҳои "Вагнер"-ро бо зиндониҳои Русия пур мекард. Муздурони ин ширкат рӯзи 23 июн ошӯб бардоштанд.

XS
SM
MD
LG