Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

57 дарсади мардуми Эрон ғизои кофӣ надоштаанд


Як маъракаи хайрия дар Эрон
Як маъракаи хайрия дар Эрон

Як мақоми собиқи Вазорати ҳифзи иҷтимоии Эрон аз як “фалокати ногузири башарӣ” дар ин кишвар ҳушдор додааст. Ҳодӣ Мусавӣ, мудири собиқи раёсати таҳқиқи некӯаҳволии мардум дар вазорат дар ин бора баъди он суҳбат кард, ки омори нав нишон додааст, 57 дар сади мардуми Эрон ба қадри кофӣ ғизо намехӯранд ва 2100 калорияи заруриро намегиранд.

Дар миёни ин мардум бештар аз 14 миллион нафари онҳо кӯдакон ва аксарият ҳам наврасони то 12-сола будаанд. Иқтисоди Эрон ба сабаби таҳримоти кишварҳои ғарбӣ ва мудирияти нодуруст ҳоли табоҳе дорад ва боришоти ками имсол ҳам сабаби камҳосилӣ ва тавлидоти камтари маҳсулоти ғизоӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG