Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба осебдидагони ҳодисаҳои январӣ ҷуброн намедиҳанд?


Бинои Вазорати молияи Қазоқистон.
Бинои Вазорати молияи Қазоқистон.

Вазорати молияи Қазоқистон ба додгоҳи парвандаҳои шаҳрвандии шаҳри Остона бо ҳадафи бекор кардани қарори додгоҳи зинаи поёнӣ шикоят бурд. Додгоҳи зинаи поёнӣ қарор содир кард, ки вазорат бояд ба шиканҷашудаҳои ҳодисаҳои январӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардозад.

Вазорати молия мегӯяд, ҷубронро бояд ниҳоде пардозад, ки ба сокинон зарари ҷисмонӣ расонидааст.

Рӯзи 26 майи соли ҷорӣ додгоҳ дар Остона талаби сокини шаҳри Уст-Каменогорск Ренат Жубаковро аз вазорати молияи Қазоқистон қисман қонеъ кард. Жубакови 38-сола гуфт, ӯро дар ҳодисаҳои январии соли 2022 боздошт ва шиканҷа кардаанд. Вай ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ аз ҳукумат 30 миллион танга талаб кард. Аммо додгоҳ қарор кард, ки ба вай 5 млн. танга пардохт карда шавад.

Додгоҳҳои Қазоқистон ҳамчунин даъвои ҳамсони чанд сокини дигарро қисман қонеъ карданд.

Дар ҳамаи ин даъвоҳо Вазорати молия ҷавобгар буд. Вале ин ниҳод ба такрор гуфтааст, ҷубронро ниҳоде пардозад, ки "ба даъвогарон зарар расонидааст".

XS
SM
MD
LG