Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти чанд мансабдори узбек зидди сафҳаи Kompromatuzb


Дар додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 18 июл муҳокимаи рӯзноманигороне шуруъ мешавад, ки дар мудирияти саҳифаи телеграмии Kompromatuzb гумонбар ҳастанд. Ин саҳифа маълумоти беобрӯкунандаи мансабдоронро нашр мекард.

Охири моҳи январи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон мудири нашрияи Human.uz Хуршед Далиев ва сармуҳаррири ин нашрия Муслима Мирзоҷоноваро боздошт карданд. Дертар сухангӯи пешини вазорати меҳнат Мавҷуда Мирзоева ва сухангӯи ширкати "Узбекнефтегаз" Сиявуш Ҳошимов боздошт шуданд.

Боздоштшудаҳо дар туҳмату таҳқир, тамаъҷӯӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ва пулшӯӣ айбдор мешаванд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар доираи ин парванда 19 ҷабрдида ва 10 даъвогар аст. Дар қатори инҳо вазири пешини меҳнати Узбекистон Нозим Хусанов, мудири пешини Оҷонси муҳоҷирати хориҷӣ Афзал Ирматов ва дигар мансабдорони пешину кунунии Узбекистон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG