Нишасти солонаи НАТО дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва оғоз шуд. Амният дар ҷаҳону ҷанги бедалели Русия дар Украина аз мавзуъҳои асосии нишаст хоҳад буд. Эҳтимол меравад роҳбарони кишварҳои НАТО ҳамчунин дар бораи узвияти Украина дар ин эътилофи низомӣ баҳс кунанд.
Украина мавзӯи асосии нишасти имсолаи НАТО хоҳад буд. Раиси ҷумҳур Владимир Зеленский ҳафтаи гузашта аз чанд кишвари узви паймон дидан кард ва созишномаҳоеро ба имзо расонд, ки аз дархости Киев барои ҳамроҳ шуданаш ба НАТО пуштибонӣ мекунанд. Аз ҷумла дар Чехия ин гуфтумон садо дод.
Зеленский дар шаҳри Прага гуфт, "баъзеҳо ҳанӯз мутеи Маскав ҳастанд, баъзеҳо аз Русия метарсанд, аммо боварӣ дорам, ки лаҳзаи нишон додани ҷасорат ва ҳамдилии аъзои паймон фаро расидааст."
Раса Юкнявичене, вазири собиқи дифои Литва ва узви Порлумони Аврупо, мегӯяд, кишварҳои Аврупои Шарқӣ тарафдорони ашаддии паймон ҳастанд.
Дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳои узви НАТО, Амрико ва Олмон ба ин назаранд, ки Украина ҳанӯз аз лиҳози сиёсӣ ва низомӣ барои пайвастан ба паймон омода нест. Дар айни замон аз он нигаронанд, ки узвияти Украина дар созмони низомӣ метавонад, дар ниҳоят, НАТО-ро дар низои мустақим бо Русия қарор бидиҳад.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Пеш аз сафар ба Аврупо, Ҷейс Салливан, мушовири амнияти миллии ҳукумати Амрико гуфт, Украинаро мебояд заминаҳоеро қабл аз узвият дар НАТО фароҳам оварад.
Ин мақомдори амрикоӣ гуфт, "нишасти Вилнюс фурсати муҳиме дар роҳи Украина ба самти НАТО аст. Зеро Амрикову шариконаш дар НАТО ва Киев имкон доранд, ислоҳоти заруриро баррасӣ кунанд, ки Украина мутобиқ ба меъёрҳои НАТО бишавад."
НАТО гуфтааст, ки омодаи кумак ба Украина дар ислоҳи системаи амниятӣ ва мудофиавии он аст. Арсений Ятсенюк, нахуствазири собиқи Украина мегӯяд, кишвараш омодаи узвият дар НАТО аст. Чизе, ки ба бовари ӯ ба нафъи НАТО хоҳад буд.
Ятсенюк мегӯяд, "Украина дар амал артиши Русияву неруҳои маъмулии онро халъи силоҳ кард. Аз ин рӯ як даҳсола лозим аст, ки Русия ба худ биёяду неруҳои маъмулиашро дар Аврупо барқарор созад. Маҳорату таҷрибаи ҷангие, ки артиши Украина дорад, боварнокарданист. Аз ин рӯ будани Украина дар НАТО ба нафъи кишварҳои узви он аст."
Назарасанҷиҳо нишон додаанд, ки 80 дарсади украиниҳо тарафдори пайвастани кишварашон ба НАТО ҳастанд. Интизороташон аз нишасти Вилнюс ҳам болост. Арсений Ятсенюк ҳам бо назардошти ин мегӯяд, мардуми кишвараш "интизор доранд, ки Украина дар нишасти Вилнюс ҳадди аққал даъватномаи узвият дар НАТО-ро мегирад."
Нишасти дурӯзаи НАТО мумкин аст, таърихӣ ва ё фурсати аз дастрафтае барои созмон шавад. Ба ақидаи таҳлилгарон, зоҳиран роҳи ҳалли миёнае пайдо хоҳад шуд.
Дар ин нишаст ҳамчунин масъалаи қабул кардани Шветсия ба узвияти НАТО баррасӣ мешавад. Шветсия талош дорад, ки дар саммити рӯзҳои 11-12 июли НАТО узвияти ин созмонро соҳиб шавад.
Гуфтугӯ