Бархе ниҳодҳои таҳқиқотӣ ҳукумати Толибонро муттаҳам мекунад, ки аслиҳа ва таҷҳизоти боқимондаи нерӯҳои амрикоиро дар бозорҳо мефурӯшад. Ҳукумати Толибон ин гузоришҳоро рад кардааст.
Ёфтаҳои Ниҳоди дидбони сулҳи Афғонистон, ки қароргоҳи он дар Амрико аст ва муассисаи Small Arms Survey дар Швейтсария нишон медиҳад, ки бозори хариду фурӯши аслиҳа дар Афғонистони зери ҳокимияти Толибон гармтар шудааст ва ин доду ситад бештар дав вилоятҳои Қандаҳор, Ҳилманд ва Нангарҳор сурат мегирад.
Аз сӯе ҳам, Майкл Маккол, раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Маҷлиси Намояндагони Амрико ахиран дар як мусоҳиба бо телевизиони CNN Толибонро муттаҳам кард, ки аслиҳаи боқимондаи нерӯҳои амрикоиро ба гуфтаи ӯ, ба "душманони Амрико", ба фурӯш мерасонанд.
"Мо набояд Багромро раҳо мекардем, ҷое, ки беш аз 7 миллиард доллар силоҳи андозсупорандагони Амрико гузоштем. Иттифоқан, акнун Толибон ба душманони мо монанди Эрон ва фаластиниҳо алайҳи Исроил силоҳ мефурӯшанд".
Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ин изҳорот ва гузориши таҳқиқиро иддао ва таблиғоти бархе ҳалқаҳои "таништалаб ва муғриз" дар Амрико хонда, онро рад кард. Ӯ рӯзи душанбе дар "Твиттер" навишт, ки ин гузориш ҳақиқат надорад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид иддао кардааст, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, ҳама аслиҳа ва таҷҳизот дар анборҳои ин кишвар нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳеҷ касе иҷоза надорад, ки ҳатто як мил силоҳро қочоқ кунад ва бифурӯшад.
Дар гузориши таҳқиқотии Ниҳоди дидбони сулҳи Афғонистон ва муассиси Small Arms Survey, аз хариду фирӯши аслиҳаи амрикоии навъи M-4 ва М-16, ки муҷаҳҳаз бо дурбинҳои шаббин ва ҳароратсанҷ ҳастанд, ном бурда шудааст.
Гузориш меафзояд, ки ҳукумати Толибон на танҳо майле барои пешгирӣ аз ин масъала надорад, балки додани иҷозатномаи доштани силоҳ дар ивази пардохти андоз, заминаи хариду фурӯши аслиҳаро низ мусоидтар кардааст.
Бар асоси ин гузориш, манфиатҳои тиҷоратӣ, сиёсӣ ва амниятии Толибон ва робитаҳои дарозмуддати онҳо бо гурӯҳҳои мусаллаҳ ва шабакаҳои қочоқ, тиҷорати аслиҳаро тақвият додааст.
Аммо дар гузориш ин ҳам гуфта шудааст, ки пас аз сарнагунии низоми қаблии Афғонистон, нархи силоҳ дар ибтидо коҳиш ёфт, аммо ин, ки Толибон назораташонро бар захирагоҳҳои аслиҳаи нерӯҳои пешин ва амниятӣ афзоиш доданд, қимати аслиҳа дубора афзоиш ёфт.
Ин гузориш бар асоси гуфтугӯ бо қочоқчиёни аслиҳа, ҷангҷӯёни сатҳи поини Толибон, мақомоти маҳаллии Толибон, аъзои пешини нерӯҳои амниятии Афғонистон ва коршиносони амниятӣ, таҳия шудааст.
Ёфтаҳои гузориш нишон медиҳад, дар ҳоле, ки Толибон бархе аз шабакаҳои қочоқбаронро саркӯб кардаанд, робитаҳои ин гурӯҳ бо шабакаҳои террористии минтақавӣ нигаронии бештареро ба вуҷуд овардааст.
Гузориш гуфтааст, ки аслиҳафурӯшон дар Дараи Одамхели Пешовари Покистон дар тамос бо ин ниҳодҳои таҳқиқотӣ иддао кардаанд, ки таҷҳизоти низомии Амрикоро барои фурӯш пешниҳод мекунанд.
Гуфтугӯ