Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон музокира карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати хориҷии Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, музокирот "дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ" баргузор шуд.
Тибқи иттилои ин вазорат, мулоқоти ҷонибҳо дар шаҳри Ботканди Қирғизистон баргузор шудааст. Аз натиҷаи ин мулоқот санади дахлдор низ ба имзо расидааст. Ҷузъиёти дигари ин мулоқот расонаӣ нашудааст.
Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 300 километри дигар ҳанӯз баҳсбарангез боқӣ мондааст.
Аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ, ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст. Ду ҷониб ҳамеша ҳамдигарро дар сар задани муноқиша айбдор мекунанд.