Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Украинаи кӯчак" дар Токио. Чӣ гуна боршро ба дили Ҷопон бурданд?  


“Украинаи кӯчак” дар Токио. Чӣ гуна боршро ба дили Ҷопон бурданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Як ҳунарпеша ва тарроҳи ҷопонӣ дар Токио тарабхонаи украинӣ кушодааст. Мегӯяд, мақсадаш бо кор таъмин кардани он шаҳрвандони Украина аст, ки пас аз оғози ҳамлаи бедалели Русия сарсону саргардон шуданд ва ба Ҷопон паноҳ бурданд.

Дар тарабхонаҳои Токио, пойтахти Ҷопон хелҳои гуногуни хӯрокро аз гӯшаҳои ҷаҳон пешкаш мекунанд. Аммо тарабхонаи украинӣ дар дили Ҷопон танҳо дар соли 2022 боз шуд.

Ҳунарпеша, наққош ва тарроҳи ҷопонӣ Такане Эзое моҳи сентябри соли 2022 тарабхонаи "Смачного"-ро таъсис дод. Мегӯяд, пеш аз ҳамлаи Русия ба Украина дар бораи хӯрокҳои украинӣ маълумот надошт. "Бо як ошпази касбӣ маслиҳат карда, ба хулосае омадам, ки чунин тарабхона кушоям,"-афзуд Такане Эзое.

Барои бисёре аз сокинони Токио хӯрокҳои украинӣ ғайриодӣ аст.

Нобу, як меҳмони тарабхона мегӯяд, "ҳеч вақт хӯроки украинӣ нахӯрда будам. Пеш аз ҷанг фикр мекардем, ки он як навъ ғизои русист. Бори аввал ба инҷо омадам ва аз таомҳои украинӣ, махсусан борш, баҳра бурдам. Бисёр лазиз аст."

Ҳолубетс, ки дар Ҷопон ба он рерикабитсу мегӯянд, яке аз дигар хӯрокҳои маъмулӣ дар ин тарабхона аст. Наталия Глигало, коргари тарабхонаи “Смачного” мегӯяд, ин хӯрок бо гӯшт, биринҷ ва помидор пухта мешавад.

Интихоби дигари мардум хӯроки нисфирӯзии украинӣ-ҷопонӣ аст, ки картошкаву занбурӯғ, мурғ ва маҳсулоти дигар дорад ва дар канораш ҳамеша борш ҳаст.

Молики тарабхонаи украинӣ мегӯяд, ҳадафи асосиаш ба кор гирифтани муҳоҷиронест, ки ба сабаби ҷанг дар кишварашон Украина, ба инҷо кӯчидаанд. Ирина Свидран, ки бо мадади духтараш аз Днепр ба Ҷопон рафтааст, дар инҷо соҳиби кор шуд. Мегӯяд, ҷопониҳо ӯро самимӣ истиқбол карданд.

Ин муҳоҷири украинӣ афзуд, "ба синнам нигоҳ накарда, Такане-сан ба ман кор дод ва ман озодона дар ин ҷо зиндагӣ мекунам”

Наталия Глигало бо сарпарастии яке аз дӯстонаш ба Ҷопон рафт. Ӯ мегӯяд, аз интихобаш пушаймон нест. Ба гуфтаи Глигало, "аз онки дар Полша бошаму кумаки иҷтимоӣ бигирам, дар инҷо кор кунам, беҳтар аст. Вақте ба ин ҷо кӯчидем, ману духтарам аллакай ҷойи кор доштем. Дар инҷо бо бонувони дигар вохӯрдем ва ҳоло мисли як оилаи хурди украинӣ ҳастем.”

Такане Эзое, молики тарабхонаи украинӣ мегӯяд, таъмини чунин хонаводаҳо бо ҷойи кор ҳадафи ягонааш аст ва ҳар вақте ҷанги бедалели Русия дар Украина поён ёфт, ӯ ҳам дари ошхонаро хоҳад баст.

Баъди таҷовузи неруҳои Русия ба хоки Украина дар таърихи 24 феврали соли гузашта миллионҳо украинӣ гуреза шуданд. Тибқи омори бахши гурезагони Созмони Миллал қариб шаш миллион украинӣ маҷбур шуданд кишварашонро тарк кунанд ва ба ҷойи дигар паноҳ баранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG