Зафар Ёқубов, як тоҷики узбекистонӣ, ки ба гуноҳи узвият дар созмони мамнӯи "Ҳизби Таҳрир" дар Русия зиндонӣ шудааст, мегӯяд, дар маҳбаси рақами 26-и вилояти Самара "мусулмононро таҳқир мекунанд". Созмони “Мемориал” ӯро маҳбуси сиёсӣ донистааст.
Ёқубов дар номааш ба "Idel.Реалии", тарҳи Радиои Озодӣ, навиштааст, маъмурияти зиндон маҳбусонро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбур мекунанд, ки ҷанги Русияро алайҳи Украина дастгирӣ кунанд. Наздикони зиндонӣ гуфтаанд, раҳбарияти маҳбаси 26-и Самара миёни маҳбусон барқасдона бо ангезаҳои динӣ низоъ бармеангезонад, аммо дар Додситонии Самара гуфтанд, қонуншиканиеро намебинанд.
Нигаҳдорӣ дар "шароити ғайриинсонӣ"
"Ман, Ёқубов Зафар Набиевич, шаҳрванди Узбекистон, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба амалҳои ғайриқонунии Русия, бахусус, маъмурияти зиндони рақами 26-и вилояти Самара, ки шаъну шарафи моро паст мезананд, ҷалб намоям", - омадааст дар номаи ӯ.
Алсу Насибулина, ҳамсари Ёқубов, дар моҳи июни имсол дар суҳбат бо "Idel.Реалии" тасдиқ кард, ки номаро шавҳари ӯ навиштааст. "Медонам, ки шавҳарам чи қадар пуртоқат аст, вале ин нома баёнгари он аст, ки вазъ тоқатфарсо шудааст," - гуфт вай.
Зафар Ёқубов аз тоҷикони Узбекистон аст. 39 сол дорад ва солҳои охир дар шаҳри Қазони Тотористон кору зиндагӣ мекард. Вай ҳоло дар маҳбаси рақами 26-и Самара нигаҳдорӣ мешавад. Ёқубов маълумоти миёнаи махсус дорад ва то замони боздошташ ба тиҷорат машғул буд. Оиладор ва соҳиби се фарзанд. Ӯро 24-уми апрели соли 2018 боздошт ва ба гуноҳи "Ташкили фаъолияти созмони террористӣ" ва "Сармоягузории терроризм" 17 сол аз озодӣ маҳрум карданд.
Ба иттилои Хадамоти федеролии амният ё ФСБ-и Русия, Зафар Ёубов дар Қазон бо ширкати се мусулмони дигар "бар пояи идеологияи Ҳизби Таҳрир дастикам 40 маҷлиси таблиғотӣ" гузарона, аз як иштирокчии ин нишастҳо "на камтар аз 2400 рубл" дарёфт ва "барои таҳияи китобу варақаҳо маводи зарурӣ" харидааст.
"Ҳизби Таҳрир" аз соли 2003 дар Русия мамнуъ эълон гашта, аммо ба фаъолияти он дар Украина ва бисёре аз кишварҳои Аврупо иҷозат дода шудааст.
Ёқубов дар номаи худ гуфтааст, “маъмурияти маҳбаси рақами 26 аз моҳи марти соли 2023 бо супориши Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия дар вилояти Самара ҷалби иҷбории шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистонро ба корҳои бемузди саноатӣ оғоз кардааст. Маъмурияти зиндон соли 2022 даҳҳо шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистонро ба ҷанги зидди Украина фиристод. Пас аз онки аз ҳаққи сафарбарии маҳбусон маҳрум шуд, акнун шаҳрвандони Узбекистонро маҷбур мекунад, ки бо иштирок дар иҷрои супоришҳои давлатии мудофиавӣ "амалиёти махсуси низомӣ"-и ро дар Украина дастгирӣ кунанд. Маҳбусоне, ки кор намекунанд, ба утоқҳои танбеҳ интиқол ёфта, дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ мешаванд."
Вай мегӯяд, "дар як ҳуҷраи на он қадар калон то шаш касро ҷой мекунанд. Рахтҳои хобро аз соати 06:00 то 22:00 бардошта, дар деворҳо мебанданд. Ҷаримашудаҳо баъд аз берун шудан аз онҷо ба худ наомада, дубора интиқол меёбанд. Утоқҳои танбеҳ ё ШИЗО рӯшноии кам доранд, ки одам наметавонад чизеро бихонад ё бинависад. Тирезаҳо панҷараҳое доранд, ки чашмакҳояшон хеле хурд аст. Ғизоро барои ШИЗО бо оби нополида омода мекунанд."
Ба гуфтаи Ёқубов, "сиҳатии бештари шаҳрвандони Узбекистон, ки дар ин маҳбас ҳастанд, хуб нест ва шароити мазкур вазъи онҳоро бадтар месозад. Сарфи назар аз муроҷиатҳо ба онҳо ёрии тиббӣ расонида намешавад. То ҷое ба мо маълум аст, бо шаҳрвандони Узбекистон дар маҳбасҳои дигари Русия низ чунин бархӯрд мешавад."
Ӯ дархост кардааст, ки “истифодаи ғайриқонунии захираҳои инсонии шаҳрвандони Узбекистон ва таҳқири шаъну шарафи онҳо аз ҷониби мансабдорони ҳукумати Русия ошкор ва дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳамчунин таваҷҷӯҳи мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мушкилоти дарҷшуда дар ин нома ҷалб карда шавад".
Низоъ бо ангезаҳои динӣ; "телефонҳоро гӯш мекунанд"
Ҳамсари Ёқубов ҳам дар суҳбат "Idel.Реалии" гуфт, маъмурияти зиндони 26-и Самара чанд бор мешавад, ки шавҳари ӯро ба утоқи ҷаримавӣ мебарад: "Бар асоси ҳуҷҷатҳо Зафар гуё қоидаи дохилиеро вайрон кардааст, вале ин маълумот нодуруст аст. Дар парванда на акс ва на видеое ҳаст, ки исбот кунад, шавҳари ман қоидаро вайрон кардааст."
Наздикони Ёқубов фарзияи сохта будани қонуншиканҳои ӯро бо мақсади маҳрум сохтан аз мулоқоти дарозмуддат бо аъзои хонаводааш ҷонибдорӣ мекунанд.
"Бори охир шавҳарамро моҳи январи имсол дида будам. Баъди ин, бори севум аст, ки Зафарро ба ШИЗО фиристода, ба мо иҷозати мулоқот намедиҳанд. Шояд мехоҳанд, ки шароити нигаҳдории шавҳарамро бо ишора ба қонуншиканиҳои зуд-зуд сахттар кунанд. Бори охир Зафарро моҳи майи соли равон ба утоқи ҷаримавӣ интиқол дода буданд. Вақте шавҳарам ба ситоди маъмурият аризаашро бурд, Еремин, масъули тақсимоти рӯзҳои вохӯрӣ ба ӯ мегӯяд, «ба ту мулоқот чӣ лозим? Туро ба утоқи ҷаримавӣ мебаранд," -- гуфт ҳамсари Ёқубов.
Қаблан «Idel.Realii» навишта буд, ки Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо моҳи декабри соли 2021 қарор кард, ба се маҳкумшуда – Азат Загиев, Ирек Муҳаммадов ва Зафар Ёқубов 11 500 евро пардохт карда шавад. Додгоҳи Аврупо муайян кардааст, ки мақомоти Русия ҳуқуқи онҳоро ба эҳтироми шахсӣ ва хонаводагӣ поймол ва аз ҳаққи дидор дар боздоштгоҳи муваққатӣ маҳрум сохтаанд.
Рима Низомова, модари як маҳкумшудаи дигар барои узвият дар "Ҳизби Таҳрир" Эдуард Низомов моҳи декабри соли 2022 гуфт, писарашро дар маҳбас таҳқир мекунанд. Ба гуфтаи Низомова, писари ӯ дар маҳбаси рақами 26-и Самара баъд аз он таҳти фишор қарор гирифт, ки гуфт аз болои кормандони маҳбас барои дуздидани либос, пойафзол ва соати дастияш ба маъмурияти зиндон шикоят хоҳад кард.
Ба гуфтаи Алсу Насибулина, эҳтимол дар маҳбаси 26-и вилояти Самара беш аз 50 мусулмон нигаҳдорӣ мешавад. Шумори дақиқи онҳо барояш номаълум аст.
"Шавҳарам вақтҳои охир дар суҳбатҳои телефонӣ ҷузъиёти бедодгариҳои кормандони маҳбасро намегуфт, зеро телефонҳоро гӯш мекунанд. Тибқи маълумоте, ки қаблан мегуфт, кормандони маҳбас барқасдона маҳбусонро бо ҳам ҷанг меандозанд. Ҳамин тариқ низоъ миёни зиндониёни мусулмон ва онҳое, ки пайрави динҳои дигаранд, шиддат мегирад. Низоъҳо бо ангезаҳои динӣ дар маҳбас пайваста сар мезананд ва баъзан аз баҳси лафзӣ ба занозанӣ мепечанд," - изҳор дошт ҳамсари Ёқубов ба "Idel.Реалии".
"Idel.Реалии" посухи Додситонии вилояти Самараро дар бораи назорати риояи қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ аз 24-уми майи соли 2023 дар ихтиёр дорад. Дар он гуфта мешавад, ки бар асоси тамоми ҳолатҳои пешниҳодшуда санҷиш гузаронида шуд ва дар натиҷа ягон ҳолати нақзи талаботи қонунгузорӣ ё асос барои андешидани чораҳои лозимӣ ошкор нагардид".
Дар ин ниҳод гуфтанд, нусхаи шикоят дар бораи амалҳои ғайриқонунии кормандони маҳбаси рақами 26 нисбат ба зиндониёнро, ки қаблан аз тарафи Додситонии вилояти Самара санҷида шудааст, 15-уми майи имсол ба Раёсати Вазорати корҳои лохилии Русия фиристодаанд.
Ҳамсари Ёқубов ин посухро "аз сар соқит кардан" номид. "Мо ба Додситонии кулли Русия шикоят кардем, вале ҳамаи муроҷиатҳо дубора ба зинаи вилоятӣ фиристода мешаванд, ки маълум аст, онҷо ҳама якдигарро дастгирӣ ва пуштибонӣ мекунанд," – гуфт ӯ.
Гуфтугӯ