Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон созишномаи об бо Узбекистон ва Қирғизистонро тағйир доданист


Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Қазоқистон ният дорад, то охири соли 2023 ба созишномаи истифодаи захираҳои обу энержии ҳавзаи Сирдарё бо Қирғизистон ва Узбекистон тағйирот ворид кунад.

Ин нукта дар нақшаи тадбирҳо барои иҷрои Консепсияи рушди низоми идоракунии захираҳои оби Қазоқистон барои солҳои 2023-2029 пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин Қазоқистон тасмим гирифта, ки то моҳи декабри имсол бо ҳукумати Узбакистон созишномаеро дар бораи идора ва истифодаи муштараки обҳои фаромарзӣ ба имзо расонад.

Дар консепсия зикр шудааст, ки идома ёфтани вазъи кунунии истифодаи захираҳои об дар бахшҳои иқтисод ва аҳолӣ то соли 2029 хатари коҳиши суръати рушди иҷтимоию иқтисодиро ба далели норасоии об дар пай хоҳад дошт.

Тибқи пешгӯиҳои иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳои Осиёи Марказӣ то соли 2040 фишор ба захираҳои об 2,8 маротиба афзоиш меёбад.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ибтидои моҳи июни имсол гуфт, сатҳи об дар Сирдарё ва Амударё то соли 2050 тақрибан 15% коҳиш хоҳад ёфт. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, барои пешгирӣ аз фоҷеаи экологӣ дар минтақа бояд Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал бештар дастгирӣ карда шавад.

XS
SM
MD
LG