Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский хост, Саакашвилиро барои табобат ба Украина фиристанд


Президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ.
Президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ.

Президенти Украина Владимир Зеленский талаб кард, ки ба президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ иҷозат диҳанд, то барои табобат ба Украина биравад.

Зеленский гуфт, Саакашвилӣ шаҳрванди Украина ҳам ҳаст. Вай ба Вазорати умури хориҷии Украина дастур дод, ки сафири Гурҷистон дар Киевро даъват карда, 48 соат вақт диҳанд, то барои баррасии ин масъала ба Тифлис биравад.

Ба гуфтаи президенти Украина, "Русия шаҳрванди Украина Михаил Саакашвилиро бо дастони мақомоти Гурҷистон ба қатл мерасонад".

Ин талаби Зеленский баъди мурофиаи ахири Саакашвилӣ садо дод. Президенти собиқи Гурҷистон дар бемористони "Вивамед" бистарӣ буда, дар мурофиаи рӯзи душанбе онлайнӣ иштирок кард. Дар видео Саакашвилӣ хеле лоғар менамуд.

Саакашвилӣ суханронии худро дар мурофиа бо забони украинӣ оғоз кард ва баъдан дар як изҳороти сиёсӣ аз Шалва Папуашвилӣ, раиси порлумони Гурҷистон хост, барои "ӯро ба чунин ҳолат расондан", узр пурсад.

Саакашвилиро соли 2021 бо гуноҳи суистифода аз мақом ба 6 сол зиндон маҳкум карданд. Вазъи саломатии сиёсатмадор моҳи майи соли гузашта бад шуд. Вай аз 12-уми май дар беморхонаи хусусӣ бистарӣ ва ҳамзамон дар ҳабс аст. Аъзои хонавода ва вакилони мудофеи Саакашвилӣ талош доранд, ӯро озод карда, барои муолиҷа ба хориҷ баранд.

XS
SM
MD
LG