Мақомҳои истихборотии Амрико мегӯянд, маълумоте пайдо кардаанд, ки нишон медиҳад, як генерали баландпояи артиши Русия пеш аз ошӯби гурӯҳи "Вагнер" аз барномаи фармондеҳи ин гурӯҳи низомии муздур, хабар доштааст. Ба навиштаи рӯзномаи "The New York Times", генерали мавриди ишора Сергей Суровикин, фармондеҳи пешини нерӯҳои Русия дар Украина аст.
Ба навиштаи таҳлилгарон, Суровикин як раҳбари низомии мавриди эҳтиром аст, ки пас аз зидуҳамлаи Украина дар соли гузашта, ба тақвияти дифоъ дар саросари хати ҷанг кӯмак кард. Ӯ дар моҳи январи имсол ҷойи худро ба унвони фармондеҳи баландпоя ба генерали дигар дод, аммо нуфузи худро дар иҷрои амалиёти ҷанг ҳифз кард ва ҳамчунон дар миёни сарбозон аз маҳбубият бархӯрдор аст. Ӯ ҳамчунин ба бераҳмӣ дар ҷангҳои Сурия ва Украина шӯҳрат дорад.
Бино бар гузоришҳо, мақомҳои истихборотии Амрико ҳоло дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастанд, ки оё Сергей Суровикин дар тарҳрезии ошӯби Пригожин кӯмак кардааст ё не.
Мақомҳои амрикоӣ ҳамчунин гуфтанд, нишонаҳое вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, дигар генералҳои рус низ эҳтимолан аз талошҳои мусаллаҳонаи фармондеҳи ниманизомиёни "Вагнер" барои тағйири вазири дифои Русия ҳимоят кардаанд.
Чанд тан аз мақомҳои пешини амрикоӣ низ гуфтанд, ки Евгений Пригожин, фармондеҳи "Вагнер" "агар мутмаин набуд, ки дигарон дар ҳалқаи аслии қудрат ба ёрии ӯ намеоянд, даст ба ошӯб намезад".
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", хабарнигорон рӯзи чаҳоршанбе аз Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия дар бораи гузориши рӯзномаи "The New York Times" пурсиданд ва ӯ дар посух гуфт, "аз ин пас гумонзаниҳо, овозаҳо ва мавзуъҳои дигаре дар бораи ин ҳодиса вуҷуд хоҳанд дошт ва ман фикр мекунам, ин яке аз ин намунаҳо аст".
Гурӯҳи муздури "Вагнер", ки то пеш аз ин ҳодиса аз тарафи Русия бо Украина меҷангиданд, охири ҳафтаи гузашта алайҳи фармондеҳони артиши Русия даст ошӯб заданд, аммо ин шӯриш бо "миёнаравии Белорус" поён ёфт.
Сергей Шойгу, вазири дифоъ, Валерий Герасимов, раиси Ситоди кулли артиши Русия робитаи пуртанише бо раиси гурӯҳи "Вагнер" доштанд ва ба навиштаи манбаъҳои хабарӣ, агар даст доштани Сергей Суровикин дар ошӯби "Вагнер" мушаххас шавад, ин амр метавонад нишондиҳандаи шикофи густурдатаре дар ҳалқаи аслии қудрати низомӣ дар Русия бошад.
Даъвои байни Евгений Пригожин бо мақомоти низомии Русия тайи ду моҳ боз ҷараён дошт. Ин замоне буд, ки Пригожин иддао кард нерӯҳояш ба гирифтани Бахмут дар Украина наздик шудаанд, вале Вазорати дифои Русия силоҳу муҳимот надод.
Ширкати хусуси “Вагнер” аз оғози ҳамлаи Маскав ба хоки Украина ҳазорҳо шаҳрвандро ба тарзи қарордодӣ ва ҳазорҳо маҳбусро бо ваъдаи афв ба майдонҳои ҷанг бурдааст. Коре, ки Русия ҳафтаи равон қонунӣ кард ва бастани қарордоду даъвати маҳбусонро ба ҷанг дар ихтиёри Вазорати дифоъ гузошт.
Гуфтугӯ