Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади ҲХДТ аз мақомаш барканор шуд


Мавсума Муинӣ аз моҳи январи соли 2022 раиси шаҳри Бӯстон буд
Мавсума Муинӣ аз моҳи январи соли 2022 раиси шаҳри Бӯстон буд

Роҳбарони ду шаҳру ноҳия дар вилояти Суғд аз мақомашон барканор шуданд. Бар асоси фармони Президент, Мавсума Муинӣ курсии шаҳрдори Бӯстонро тарк кард ва ба ҷойи ӯ Нигорахон Ғаффорзода ба ин мансаб таин шудааст. Ғаффорзода то омадан ба ин мақом, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила буд.

Мавсума Муинии 42-сола аз тарафи Ҳизби халқии демократӣ ба курсии вакили Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудааст. Муинӣ барои курсии холишудаи Гулбаҳор Назирӣ талош мекунад, ки соли гузашта муовини раиси Бонки миллӣ таин шуда буд. Интихобот дар ҳавзаи Хуҷанд рӯзи 16-уми июл баргузор мешавад ва маълум нест, ки дар он чанд номзад ширкат мекунад.

Рӯзи 26-уми июн ҳамчунин Раҷаб Ашурзода “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод барканор шудааст. Вазифаи нави Ашӯрзода маълум нест. Бо фармони президент, Зуфар Исмоилзода раиси нави ноҳияи Зафаробод шуд. Исмоилзода то ин дам раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд буд.

Ба навиштаи сомонаи Президент, муовинони раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазири маориф ва Маркази исломшиносӣ ҳам дигар шуданд.

Мухолифон ҳамеша тағйироти кадриро дар идораҳои давлатии Тоҷикистон танқид карда, мегӯянд, он бештар аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст. Мақомот ҳар дафъа таъкид мекунанд, ки шахсони ҷавону боистеъдодро ба вазифа таъин кардаанд.

XS
SM
MD
LG