Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен мегӯяд, ошӯб дар Русия мумкин аст "моҳҳо" идома ёбад


Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи якшанбе гуфт, ошӯби ширкати муздури "Вагнер" чолиши бесобиқаеро барои Владимир Путин ба миён овард ва мумкин аст ҳанӯз тамом нашуда бошад ва "ҳафтаҳо ё моҳҳо" идома ёбад.

Энтони Блинкен дар чанд мусоҳибаи телевизионӣ бо шабакаҳои хабарии Амрико бо ишора ба танишҳои ахир дар хоки Русия афзуд, ки ошӯби "Вагнер" аз моҳҳо қабл дар ҳоли сар задан буд ва мумкин аст тавоноиҳои Маскавро дар ҷанг алайҳи Украина таҳти таъсир қарор диҳад.

Ӯ дар мусоҳиба бо NBC бори дигар ба пуштибонии "қотеъ"-и Вашингтон аз Украина барои дифоъ аз худ дар баробари ҳамлаи низомии Русия ва бозпасгирии қаламравии ишғолшудаи ин кишвар, таъкид кард.

Ин мақоми баландпояи ҳукумати Амрико ҳамчунин ба шабакаи ABC гуфт, ин ошӯб мумкин аст байни русҳо тафриқа эҷод кунад, ки дар ниҳоят ҳамлаҳои онҳо ба Украинаро душвортар хоҳад кард.

Вазири корҳои хориҷии Амрико ҳамчунин чолишҳои ғайриинтизор барои президент Путинро нишондиҳандаи "шикофҳо"-и воқеӣ ва нав дар қудрат ва ҳукуматдории Владимир Путин донист. Ӯ дар гуфтугӯ бо шабакаи ABC афзуд, "гумон намекунам ҳанӯз саҳнаи поёниро дида бошем".

Энтони Блинкен айни ҳол аз гумонзаниҳо дар бораи ҷойи истиқомати Путин дар пасманзари ҳодисаҳои рӯзи шанбеи Русия худдорӣ кард. Ӯ гуфт, "намехоҳам дар бораи маълумоте, ки дар ин бора дорем, сухан бигӯям", вале "мо вазъиятро пайгирӣ мекунем".

Қаблан, Кремл овозаҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи аз Маскав берун шудани Путинро рад карда буд. Ба гуфтаи дафтари раёсати ҷумҳури Русия, Путин давоми рӯзи шанбе дар Кремл "машғули кор" буд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико ба шабакаи CBS гуфт, ҳанӯз "тавофуқ" миёни Евгений Пригожин, раҳбари "Вагнер" бо Владимир Путин "ниҳоӣ нашудааст", аммо "ба даст овардани маълумот аз ҷузъияти бештар дар ин бора дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда имконпазир хоҳад шуд".

Дар ҳамин ҳол, Константин Еггерт, коршиноси умури Русия дар Олмон рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо бахши гурҷии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ошӯби низомии воқеие, ки алайҳи Путин рух дод, қатъан ҳукумат ва мизони тасаллути ӯ бар системаро заиф кард ва раҳбарии вай бар Кремл "яқинан кутоҳтар шуд" ва субот дастикам дар миёни тасмимгирандагони Маскав аз байн рафтааст.

Ин коршинос афзуд, раиси ҷумҳури Русия аз рӯйдодҳои рӯзи шанбе "воқеан ба ҳарос афтода буд ва роҳе барои хуруҷ аз ин бӯҳрон надошт ва барои ҳамин аз Александр Лукашенко хост дахолат кунад".

Константин Еггерт гуфт, ҳарчанд касе дар Маскав дар рӯзҳои гузашта дар ҳимоят аз Пригожин чандон тазоҳурот накард, аммо касе ҳам барои ҳимоят аз Путин ба кӯчаҳо наомад.

Бо ин ҳол, ин коршинос изҳор дошт, ки хомӯшии мардуми Русия ба ин маънӣ нест, ки ҷанги қудрат идома нахоҳад ёфт, зеро ба гуфтаи ӯ, "умри ин режим ба сар омада" ва бисёре аз шаҳрвандони Русия аз ин ба баъд ба Путин нигоҳи дигар хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, аммо Евгений Пригожин низ худ дар ҳарос буд ва огоҳӣ дошт, ки ҳатто агар бо нерӯҳояш вориди Маскав шавад, роҳе барои назорати комили шаҳр ва кишвар дар ихтиёр надорад. Константин Еггерт дар мавриди сарнавишти фармондеҳи "Вагнер" гуфт, "ӯ худ дарк мекунад, ки саранҷом аз байн бурда хоҳад шуд".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG