Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони чанд кишвар гуфтанд, ки рӯйдоди Русияро назорат доранд


Намояндагони баъзе аз кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ки таҳаввулотро дар Русия бодиққат пайгирӣ доранд.

Як масъули Иттиҳоди Аврупо гуфт, вазъро назорат мекунанд, аммо он чиро, ки дар Ростови лаби Дон мегузарад, кори дохилии Русия мепиндоранд.

Президенти Лаҳистон (Полша) Анджей Дуда дар пайванд ба вазъ дар Русия бо раиси ҳукумат ва вазири дифои миллии ин кишвар машварат анҷом додааст.

Вазорати дифои Бритониё рӯйдодро дар Русия "чолиши муҳимтарин" барои давлати ин кишвар номид.

Намояндаи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед дар мусоҳиба бо "Садои Амрико" гуфт, Вашингтон вазъро назорат мекунад. "Мо бо ҳампаймонҳо ва шарикон машварат хоҳем кард," – афзудааст ӯ.

Масъулони ҳукумат дар Олмон ва Фаронса низ ба рӯйдодҳои Русия таваҷҷуҳи худро баён карданд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина, дар Телеграм навишт, ки "заъфи Русия ошкор шуд".

"Русия ҳар қадаре, ки нерӯҳои худ ва зархаридонашро дар сарзамини мо нигоҳ бидорад, ҳамон андоза бесарусомонӣ, дард ва мушкилот барои худаш бештар хоҳад шуд," – илова кард ӯ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG