Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як туркманистонӣ дар заминаи рашк 4 ҳамватанашро куштааст


Марди боздоштшуда дар шаҳри Чашмаи Туркия иқрор шудааст, ки чаҳор шаҳрванди Туркманистонро рӯзи 13-уми июн дар "заминаи рашк" кушт.

"Боздоштшуда ҳангоми бозпурсӣ иқрор кард, ки баъди ба хиёнат гумонбар шудани дӯстдухтараш Гулқамар Хонумова тасмим гирифт, ӯ ва ҳамаи аъзои хонаводаи занро ба қатл расонад. Вай 13-уми июн нахуст Руслан Каримовро кушта, сипас боқии хонаводаро, ки пайи ҳам ба хона бармегаштанд, ба қатл расондааст. Ҷасади ҳамаи онҳоро реза ва дар яхдони бузурге ҷой кардааст", - навишт нашрияи туркии "Milliyet" рӯзи 21-уми июн бо истинод ба маъмурони пулис.

Ҷасади Гулқамар Хонумова ва ду духтараш (Лайлӣ, Лочин) ва ҷавонписар Руслан Каримовро 18-уми июн аз як хона дар ноҳияи Байрақлии шаҳри Измири Туркия пайдо кардаанд.

"Milliyet" иттилоъ дод, ки наздикони шаҳрвандони Туркманистон ба пулис муроҷиат карда, гуфтаанд, дер боз наметавонанд бо онҳо тамос гиранд.

Дертар дар робита ба куштори туркманистониҳо як ҳамватани онҳо дастгир карда шуд. Ҳамсояҳои кушташудаҳо гуфтаанд, ин мард он рӯз яхдон мекофт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG