Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ва Путин вазъро дар ҷабҳа арзёбӣ карданд


Владимир Зеленский ва Владимир Путин, коллаж
Владимир Зеленский ва Владимир Путин, коллаж

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 21-уми июн гуфт, пешравӣ дар ҷараёни ҳамлаҳо алайҳи нерӯҳои Русия аз оне, ки таваққуъ доштанд, камтар аст, вале Киев ба фишорҳо барои суръат бахшидан ба пешравии нерӯҳояш таслим нахоҳад шуд.

"Бархе фикр мекунанд, ки сухан аз филмҳои Ҳолливуд меравад ва натиҷаҳои фавриро мунтазир ҳастанд. Ин нодуруст аст. Инҷо сухан дар бораи ҳаёти инсонӣ меравад", - иқтибос овардааст Би-би-сӣ аз мусоҳибаи ихтисосӣ бо Зеленский.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе дар навбати худ гуфта, ки Маскав кундшавии суръати ҳамлаҳои ҷавобии Украинаро, ки ибтидои моҳи июн оғоз шудаанд, мушоҳида кардааст.

"Ҳарчанд Украина ҳанӯз ҳам баъзе аз тавонмандиҳои ҳамлаи ҷавобиро дорад, Киев дарк кардааст, ки "онҳо дигар шонс надоранд", - изҳор доштааст Путин. Ин суханҳои Путинро шабакаҳои телевизиони Русия нашр карданд.

Украина ахиран хабар дод, ки нерӯҳои ин кишвар аз оғози ҳамлаҳои ҷавобӣ 8 минтақаи аҳолинишинро аз низомиёни Русия бозпас гирифтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG