Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия маълумоти шаҳрвандонро табодул мекунанд


Қирғизистон созишномаи табодули маълумоти шахсии шаҳрвандонро бо Қазоқистон ва Русия қабул кард.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон рӯзи 21-уми июн иттилоъ дод, ки раисиҷумҳур Содир Ҷабборов (Жапаров) қонунро "Дар бораи тасвиби созишномаи ёрии ҳуқуқӣ дар масъалаҳои маъмурӣ дар соҳаи табодули маълумоти шахсӣ" имзо намуд.

Созишнома ба мақомоти се кишвар имкон медиҳад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ маълумоти шахсии шаҳрвандонро табодул кунанд.

Намояндагони Қирғизистон, Русия ва Қазоқистон созишномаи мазкурро 18-уми декабри соли 2020 ба имзо расонида буданд. Порлумони Қирғизистон онро 25-уми майи имсол тасвиб кард.

Қазоқистон ва Русия раванди тасвиби созишномаро ба поён расондаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG