Ҷустуҷӯйи киштии зериобие идома дорад, ки ҷаҳонгардонро барои тамошои боқимондаҳои "Титаник" дар Уқёнуси Атлантик мебурд.
Дар ин бора мақомоти амрикоӣ ва ширкати масъули киштӣ хабар доданд.
OceanGate Expeditions дар эъломияе рӯзи 19-уми июн гуфт, барои наҷоти онҳое, ки дар дохили киштии зериобӣ ҳастанд, тамоми нерӯ сафарбар шудааст.
Бовар меравад, ҳангоми нопадид шудани киштӣ дар дохили он панҷ нафар буданд.
Хешовандони як оилаи соҳибкори маъруф аз Покистон гуфтанд, дар киштии нопадидшуда дар Уқёнуси Атлантик муовини раиси ширкати азими "Энгро" Шаҳзода Довуд ва писараш Сулаймон низ қарор доштанд. Ба иттилои ин оила, киштӣ бо 96 соат захираи оксиген таъмин будааст.
Ба хабари нозирони дарёии Амрико, ҳама гуна тамос бо киштӣ рӯзи 18-уми июн, як соату 45 дақиқа баъди ба ҳаракат даромадани он, бас шуд. Амалиёти наҷот бо иштироки нерӯҳои дарёӣ ва ҳавоӣ идома дорад.
Киштии ғарқшудаи "Титаник" дар қаъри Уқёнуси Атлантик, тақрибан 600 километр дур аз ҷазираи Нюфаундленди Канада, дар чуқурии 3800 метр аст.
Гуфтугӯ