Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳамсари Ислом Каримов ба додгоҳ шикоят кардаанд


Татяна Каримова, ҳамсари Ислом Каримов
Татяна Каримова, ҳамсари Ислом Каримов

Пётр Каримов, писари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон модарандараш Татяна Каримоваро барои тақсими ба қавли ӯ, ноодилонаи мерос ба додгоҳ кашидааст.

Қарор аст, шикояти Пётр Каримов, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад, дар додгоҳи Яккасаройи шаҳри Тошканд дар рӯзи 26-уми июн сурат бигирад.

Дар парванда номи Татяна Каримова, ҳамсари Ислом Каримов ва Пётр Каримов, зикр шудааст, аммо маълум нест, даъво сари кадом мерос мебошад.

Пётр Каримови 54-сола писари Ислом Каримов аз ҳамсари аввали ӯ Наталя Кучма мебошад.

Ислом Каримов аз соли 1991 то дами маргаш дар соли 2016 Узбекистонро раҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG