Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи гуруҳи "Филмҳои фаҳш"-ро барҳам задаанд


Владимир Котляров, узви гурӯҳи "Филмҳои фаҳш"
Владимир Котляров, узви гурӯҳи "Филмҳои фаҳш"

Кормандони идораҳои қудратӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон консерти гуруҳи "Филмҳои фаҳш" ("Порнофилми")-ро барҳам заданд.

Ин гуруҳ зидди Владимир Путин, президенти Русия ва ҷанги ин кишвар дар Украина баромад мекунад.

Консерт дар Қирғизистон бояд рӯзи 10-уми июн баргузор мешуд. Ба навиштаи гуруҳ, ба толоре, ки бояд консерт мегузашт, мақомот қудратӣ омада, таҳдид кардаанд. Аъзои гуруҳ барои баргузории консерт толори дигар наёфтанд.

Маълум нест, ки мақомоти қудратии Қирғизистон чаро монеи баргузории консерт шудаанд. Ин гуруҳ пештар дар Қазоқистон консерт баргузор кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG